09:36:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Исроил аз тариқи Русия Эронро ба "оромиш" даъват кард

Расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки Телавив аз тариқи Маскав ба Теҳрон паём додааст, ки дар фикри интиқомгирӣ ба хотири кушта шудани як фармондеҳи эронӣ набошад ва дар ин бора Эронро ба "оромиш" даъват кардааст.

muzokirot-15556645665Расонаҳои исроилӣ мегӯянд, ки Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии Исроил зимни сафари худ ба Маскав аз раҳбарони Русия хостааст, аз Эрон бихоҳанд "ором" бошад ва ба хотири кушта шудани як фармондеҳи эронӣ дар Сурия, ки гуфта мешавад аз сӯи Исроил кушта шудааст, дар фикри интиқомгирӣ набошад.

Шабакаи даҳуми телевизион Исроил рӯзи якшанбе гуфт, ки ин кишвар бо ин "паём" хостааст ба Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" итминони дубора бидиҳад, ки нияти ҷанг ва бӯҳрони кардани вазъро надорад. Бар асоси гузоришҳои расонаҳои исроилӣ, оқои Либерман дар идомаи сафар, аз Русия ба Чин низ хоҳад рафт ва чунин "паём"-ро барои Эрон аз тариқи Пекин низ хоҳад фиристод.

Пас аз ҳамлаи рӯзи 18 январи соли ҷорӣ дар баландиҳои Ҷулон дар Сурия, ки Муҳаммадалӣ Аллоҳдодӣ, яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони Эрон, Ҷиҳод Муғния, фарзанди Имод Муғния, фармондеҳи низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва иддаи дигаре кушта шуданд, Эрон Исроилро ба "интиқомгирии хос" таҳдид кардааст.

Аммо ба гузориши шабакаи даҳуми телевизиони Исроил, Либерман ба мақомоти Русия гуфтааст, ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар баландиҳои Ҷулон "як иқдоми ҳифозатӣ" будааст. Дар ҳамин ҳол Исроил ба таври расмӣ масъулияти ҳамлаи ахир дар Сурияро напазируфтааст. Шабакаи даҳуми телевизиони Исроил мегӯяд, ки "паём"-и Исроил пешопеш барои Теҳрон ва Бейрут фиристода шуд.

Исроил аз моҳи феврали соли 2008, ки Имод Муғния, фармондеҳи баландпояи "Ҳизбуллоҳ" дар Сурия кушта шуд, аз интиқомгирии "Ҳизбуллоҳ" нигарон буд. Аммо расонаҳои исроилӣ навиштаанд, кушта шудани Ҷиҳод Муғния ҳамроҳ бо яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони Эрон, ин нигарониҳоро бештар кардааст.

Расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки корвони "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон бо ҳамроҳии фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон Муҳаммадалии Аллоҳдодӣ аз ситоде дар Ҷулон боздид мекард, ки барои раҳнамоии ҳамлаҳои нав аз ин минтақа алайҳи Исроил бунёд шуда буд. Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки ин ситод барои ҳамлаҳои мушакӣ ба шимоли Исроил ва талош барои рабудани низомиён ва ғайринизомиёни Исроил дар шимоли ин кишвар ташкил шудаааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi