00:38:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

Баҳси тақсими қудрат миёни Абдуллоҳу Ашрафғанӣ

Ба зудӣ маълум хоҳад шуд, ки натиҷаи ниҳоии даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон чисту довталабони курсии шахси аввал қудратро миёни ҳам чӣ гуна тақсим кардаанд.

ahmadzay-abdullo-89564578Масъулони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯянд, натиҷаи ниҳоии интихоботи ҷанҷолбарангези раёсати ҷумҳури ин кишварро 21 сентябр эълон хоҳанд кард. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи комиссия, рӯзи 20 сентябр дар ин бора ба Радиои Афғонистони Озод хабар дод.

Ӯ гуфт, “мушаххасан намехоҳам, вақтро қайд кунам, чун ин дар салоҳияти аъзои Комиссияи мустақили интихобот аст, вале то ҷое бардошт кардем, бештар вақтро дар бар нахоҳад гирифт.” Хабари эълони натиҷаҳо дар ҳоле нашр шуд, ки музокироти номзадҳои рақиб дар интихобот Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи тақсими қудрат ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ идома кард. Бар асоси созише, ки бо миёнравии Амрико дар байни ду тараф ҳосил шуд, идораи ҳукумати Афғонистон дар дасти раиси ҷумҳур ва мақоми наве мисли нахуствазир хоҳад буд.

Муҷиб Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдуллоҳ гуфт, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур омода ҳастанд, созиш дар бораи тақсими қудратро рӯзи 20 сентябр имзо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон набояд пеш аз ниҳоӣ шудани созиш натиҷаҳои пурраи интихоботро эълон кунад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ду давра дар моҳи апрел ва июни соли ҷорӣ сурат гирифт, вале ба далели иддао дар бораи тақаллубкории зиёд дар интихобот натиҷаҳои онро то ҳол эълон накарданд. Бо талаби номзадҳо, дурустии орои интихоботро ба раҳбарии Созмони Милал тафтиш карданд, вале натиҷаҳои тафтиш низ эълон нашудааст.

Ҳарду номзад - Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазири молияи собиқи Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири умури собиқи хориҷӣ иддао доранд, ки дар интихобот пирӯз шудаанд. Баъд аз бархостани моҷаро дар бораи тақаллуб дар интихобот, Созмони Милал ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон шуданд, зеро ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки дар сурати авҷ гирифтани бӯҳрон, Афғонистон метавонад, дучори ноамнии бештар ва ихтилофоти қавмӣ шавад.

Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раиси ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи апрел ғолиб омад, вале дар даври дувум соҳиби раъйи кофӣ барои расидан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ нашуд. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дувуми интихобот, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пирӯз шудааст. Як рӯз баъд аз он ки музокироти доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ва шеваву замони эълони натиҷаҳо ба ҷое нарасид, Ҷеймс Каннингам, сафири Амрико дар Кобул, 18 сентябр ду тарафро ба музокироти нав моил кард.

Муҷиб Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдуллоҳ гуфт, агар натиҷаҳои тафтиши орои интихобот қабл аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ эълон шавад, доктор Абдуллоҳ аз музокирот дар бораи ин ҳукумат даст мекашад. Ба гуфтаи Раҳимӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳҳамчунин мехоҳад, муфаттишони натиҷаҳои интихобот орои бештари Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро беэътибор кунанд, аммо Аҳмадзай ин талабро рад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi