17:09:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Амрико мегӯяд, ба Ироқ нерӯ фиристоданӣ набуд, аммо...

Амрико мегӯяд, дар фикри фиристодани нерӯи ҳарбӣ ба саҳнаи амалиёт дар Ироқ набуд, аммо бархе аз кишварҳо ин пешниҳодро матраҳ кардаанду онро баррасӣ мекунад.

mid-usa-45784512Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфта, ки аз пешниҳоди баъзе аз кишварҳо дар Ховари Миёна ва берун аз он барои фиристодани нерӯи низомӣ барои мубориза бо “Давлати исломӣ” бисёр дилгарм шудааст. Ӯ афзудааст, баъзе кишварҳо омодагии худро барои кумаки низомӣ ва иҷрои амалиёти ҳарбӣ дар сурати лозим эълон кардаанд.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар сафари ҳафтаи гузаштааш ба Ховари Миёна кӯшиш кард, то кишварҳои арабии минтақаро ба муқобила бо гуруҳи “Хилофати исломӣ” ё “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” тарғиб кунад. Раиси дафтари Кохи Сафед ҳам гуфтааст, “дар ниҳоят барои аз баён бурдани гуруҳи “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” ба як нерӯи аслӣ эҳтиёҷ аст, ки метавонад нерӯҳои суннӣ бошад”.

Бо ин ҳол, Ҷон Керрӣ бори дигар таъкид кардааст, “мо ба дунболи эъзоми нерӯи низомӣ ба саҳнаи амалиёт нестем. Аммо бархе аз кишварҳо ин пешниҳодро матраҳ кардаанд ва акнун ба ин пешниҳодҳо фикр мекунем.”

"Давлати исломӣ", ки аз баданаи бахши ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" бархостааст, дар моҳҳои охир таҳти шиори таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар Сурияву Ироқ босуръат пешрафт кард ва дар ҳоли ҳозир, бахши аъзаме аз қаламравҳои ин ду кишвари арабиро ба даст овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳайати нерӯҳои "Давлати исломӣ" то 200 тоҷик низ меҷанганд. То имрӯз ҳалокати ба камияш 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия мушаххас шуда, ахиран хабаре расид, ки гӯиё ин гурӯҳи тундрав як ҷангии тоҷикро волии Риққа ном вилояте дар Сурия таъин кардааст.

Дар нишасти рӯзи 12 сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ба зарурати мубориза бо "Давлати исломӣ" таъкид шуд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "Давлати исломӣ" умумияте бо дини мубини Ислом надорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi