06:40:56 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Парванда ба зидди Гулнора Каримова

Бино ба хабарҳои расида, додситонии кулли Узбакистон алайҳи нафаре бо номи Г. Каримова парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Манобеъи мо мегӯянд, ки Г.Каримова дар асл Гулнора Каримова – духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аст.

gulnora-karimova-21366554Мақомоти Узбакистон зоҳиран алайҳи духтари раиси ин ҷумҳурӣ Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале дар хабари расмии додситонии кулли ин кишвар, ки рӯзи 8 сентябр нашр шуд, исми нафаре ки алайҳаш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, танҳо “Каримова Г.” навишта шуда, таъкид кардаанд, ки дар мавриди тамоми аъзои ин “гурӯҳи ҷиноӣ” аз принсипи “ногузир будани ҷазо” кор хоҳанд гирифт. Аммо дар иттилоияи расмии дафтари матбуоти додситонии кулли Узбакистон ҳатто ишорае ба инки “Каримова Г.” дар асл Гулнора Каримова - духтари раисиҷумҳур Ислом Каримов аст, нест.

Бо ин вуҷуд, манобеи мо бо такя ба инки афроди дигари дар ин парванда зикршуда аз шарикону ёрони наздики Гулнора Каримова мебошанд, мегӯянд, зоҳиран сухан дар бораи Гулнора Каримова меравад.

Дафтари матбуоти додситонии кулли Узбакистон рӯзи 8 сентябр бо нашри матлабе бо номи “Иттилоияи матбуотӣ дар бораи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди Содиқов Н., Мадумаров Р., Авакян Г. ва дигарон” аз ифтитоҳи парванда алайҳи “гурӯҳи ҷиноӣ”-е хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, афроди номбурда ва “дигарон”-ро дар бар мегирад. Дар ин хабар гуфта мешавад, раҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноиро Содиқов ва Мадумаров бар ӯҳда доштанд ва рӯзи 24 майи соли 2014 додгоҳ Мадумаров, Авакян ва чанд тани дигарро маҳкум ба зиндон карда, “дар мавриди аъзои алоҳидаи гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар бораашон тамоми маводи кофӣ то ҳол ҷамъоварӣ нашудааст, ҳамчунин дар мавриди афроде ки таҳти ҷустуҷӯқарор доранд, бахшҳои парванда алоҳида карда шуд."

Дафтари матбуоти додситонии кулли Узбакистон меафзояд, “аз ҷумла сухан дар бораи Каримова Г., ҳамчунин аъзои гурӯҳир ҷиноӣҒафурова А., Қурбонов А., Сулаймонов Б., Комилҷонов  Ш., Мустафоев Р. меравад.”

Бино бар ин манбаъ, ин гурӯҳи ҷиноӣ тавассути тақаллуби аснод, дуздии молу мулки давлат, шантажу тамаъҷӯӣ аз ҳисоби ширкати ҳавопаймоии “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” 5,5 миллиард сӯм, аз ҳисоби корхонаи “Кока-Кола” 11,9 миллиард сӯм, аз ҳисоби корхонаи нафти Фарғона 40,1 миллиард сӯм ва аз ҳисоби корхонаҳои дигар 102 миллиард сӯм, дар маҷмӯъ ҳудуди 160 миллиард сӯм, муодили қариб 70 миллион долларро  ба яғмо бурдаанд. Аммо, меафзояд дафтари матбуоти додситонӣ, мақомот алакай ба хотири барқарор кардарни зиёни ба давлат расондаи аъзои ин гурӯҳ молу мулки аъзояш ба маблағи 460 миллиард рубл, баробари қариб 200 миллион долларро давлатӣ кардаанд.

Додситонии кулли Узбакистон таъкид кардааст, ки  дар мавриди ҳамаи аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ аз принсипи “ногузирии ҷазо” кор гирифта хоҳад шуд.

Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон, ба гуфтаи худаш, аз тирамоҳи соли гузашта дар Тошканд дар ҳабси хонагӣқарор дорад. Ӯ аз манзилаш дар Тошкнад чанд дафъа ба расонаҳо мактуб фиристода, дар чунин “бадбахт” шудани худ раҳбарони ниҳодҳои амниятии Узбакистон, аз ҷумла раиси Хадамоти амният Рустам Иноятовро айбдор кардааст.

Дар ин муддат хеле аз шарикони тиҷории духтари президент, бо шумули Рустам Мадумаров ва Гаянэ Авакян боздошт ва ҳатто маҳкум ба зиндон шуданд. Аз ҷумла додгоҳи вилояти Тошканд дар моҳи июл бо ҷароиме, чун напардохтани андоз, пиҳон доштани даромад, шустушӯи пул ва ғайра Мадумаровро ба 10 сол ва Авакянро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Бозҷӯии коршарикони Гулнора Каримова қисман ба як қазияи пулшӯӣ дар Швейтсария рабт дода мешавад. Манобеи наздик ба тафтишот ба мо гуфтанд, ки ҳудудан 600 миллион франки швейтсарӣ дар Швейтсария ва 30 миллион доллари амрикоӣ дар Шведсия дар қазияи фасодкории байни ширкати "Такилант"-и Авакян ва "Телиа Сонера"- ӣ Шветсия мунҷамид шудаанд. Бозҷӯёни ин қазияҳо гуфтаанд, ки ҳаҷми порагирӣ дар байни ин ду тақрибан ба 300 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст.

Рустам Мадумаров овозхони собиқи гурӯҳи овозадори "Дадо"-и Тоҷикистон солҳои 1990-ум ба Тошканд рафт. Хабарнигорони мо мегӯянд, ки Мадумаров аз камтарин афроде буд, ки дар мақоми "шахси бешаҳрвандӣ" дар Узбакистон соҳиби шиносномаи шаҳрванди Узбакистон шуд. Гурӯҳи "Дадо" аз хонандаҳои таронаҳои эстрадӣ буда, дар солҳои 90 бештар дар шимоли Тоҷикистон фаъолият дошт.

Номи Авакян дар пайванд бо моҷарои TeliaSonera расонаӣ шуд. Соли 2007-ум TeliaSonera бо ширкати узбакиии Такилант (Takilant) ба маблағи 350 миллион доллар шартнома баста, иҷозаи кор дар қаламрави Узбакистон ба даст овард. Моҳи декабри соли 2012  телевизиони мардумии SVT-и Шведсия як барномаи мустанадеро намоиш дод, ки дар он шоҳидон бар пояи дидаву шунидаашон гуфтанд, режими Узбакистон аз сармоягузорони хориҷӣ миллионҳо доллар ришва мегирад. Барнома "TeliaSonera ва духтари диктатор" ном дошт. Дар ҳамин барнома гуфта шуд, ки  дар натиҷаи музокирот TeliaSonera ҳамчун пешшарти кор дар Узбакистон ба ширкати Takilant, воқеъ дар Ҷибралтар, 250 миллион доллар интиқол дод. Takilant-ро хонуми 24-сола Гаяне Авакян раҳбарӣ мекунад, ки аз наздикони Гулнора Каримова ба шумор меравад.

Як соли охир моҷарои хонаводаи президенти Ӯзбакистон, ба вижа кору тиҷоратҳои машкуки духтари калониаш Гулнора Каримова дар арсаҳои мухталиф мавриди фишори мақомоти баландпояи кишвар шуд. Гулнора дар посух ба фошкорӣ гузашта, модару хоҳарашро дар сиёҳкардани рӯзаш гунаҳгор ва онҳоро дар фаъолиятҳои сиёҳи мафиёӣ гунаҳгор кард. Гулнора Каримова ҳамин тавр дар Интернет чандин бор аз раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар башиддат интиқод кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi