06:24:46 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Даври дуюми интихобот зери суол аст

Ахиран баъди беш аз се ҳафтаи раъйшуморӣ, Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон рӯзи 26 апрел натиҷаи сабқати 8 нафар номзадро дар ин маъракаи сиёсӣ эълон кард.

doctor abdullah-125478Ба ҷонибдории Абдуллоҳ Абдуллоҳ-чеҳраи шинохтатарини кишвар 44,9 дар сади мардум раъй доданд. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо дарёфти 31,5 дар сади раъйи интихобкунандагон дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Шаш нафар номзадҳои дигар, ки дар интихобот аз ҷониби мардум ба таври бояду шояд дастгирӣ наёфтанд, акнун дар фикри тасмимгирианд, ки 1-2 дар сади раъйи ҷонибдоронашонро дар даври дуюми интихобот, ки баргузории он зери суол аст, ба кадом номзад "туҳфа" кунанд.

Бале, баргузории даври дуюми интихобот аз он ҷиҳат зери суол афтод, ки ҳанӯз дар 444 маҳал раъйи мардум шумурда нашудааст. Файз Раҳмон Ӯрё - аз маркази ситоди номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба хабаргузории ВВС мегӯяд, ки дар сурати одилона ва бидуни тақаллуб шумурдани раъйи ин маҳаллот бовар дорем, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ боз беш аз 5 дар сади раъйи боқимондаро соҳиб ва курсии раиси ҷумҳурро соҳиб мешавад.

Аммо комиссияи марказии интихобот дар ин бора ҳарфи охирро, ки бастагӣ дорад ба "раъйи 444 маҳал" рӯшан шарҳу эзоҳ надода, танҳо иброз доштааст, ки "интихоботи раиси ҷумҳури Афғонистон ба даври дуюм кашида мешавад". Суолҳо ба " раъйи 444 маҳал" давр мехӯрад, ки чаро бе натиҷаи раъйи 444 маҳал комиссияи марказии интихобот саросемавор натиҷаи интихоботро эълон кард? Боварҳо ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ хеле зиёд буду вақте натиҷаи раъйдиҳӣ ба гузинаи 50 дар садӣ наздик шуд, ишораи комиссияи марказии интихобот сари "раъйи 444 маҳал"-и боқимонда қарор гирифт.

Бо вуҷуде ки дар кишвар аз "демокросӣ ва шаффофият"-и интихобот сару садоҳо хеле зиёд буд, дар тақдири номзадҳо ба бозӣ гирифтани "саҳм"-и миллияту қавму қабоил нақш бозӣ кард. Абуллоҳ Абдуллоҳро тоҷикони (ба қавли ВВС-форсӣ "форсизабонон",Б.С) Афғонистон дар шимолу марказ хеле фаъолона дастгирӣ намуданд. Ҷонибдории қисматии ками ӯзбекҳо дар шимоли кишвар аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ то ҷойе эҳсос шуд.

Ҳазораҳои тоҷикзабон ҳам дар интихобот ба ду гурӯҳ- ҷонибдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғании Аҳмадзай ҷудо шуданд. Таъсири нуфузи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷануб- ватани падарӣ аз шимолу марказ камтар набуд, аммо ба дарозо кашидани раъйшуморӣ дар "444 маҳал"-и боқимонда "демокросӣ ва шаффофият"- интихботро ба зери суол мебарад.

Барои пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ 200 ҳазор раъйи дигар зурур шумурда мешавад, шояд ин миқдор раъй дар сандуқҳои "444 маҳал", ки шумори он идома дорад, ҷой дошта бошад. Даври дуюми интихобот ҳанӯз бо мавҷудияти чунин захира танҳо шифоҳӣ эълон шуда, агар шумори раъйи сандукҳои раъйдиҳӣ дар "444 маҳал" ба нафъи Абдуллоҳ Абдуллоҳ анҷом ёбад, он гоҳ даври дуюми интихобот барпо нахоҳад шуд ва ӯ президенти мунтахаби кишвар эълон мегардад.

ashraf ghani 65545454Бояд тазаккур дод, ки Ашрафғании Аҳмадзай ҳам аз раъйи "444 маҳал" умед дорад ва хурсандии ӯ ин аст, ки бояд интихобот ба даври дуюм кашида шавад. Сабқат бори дигар собит намуд, ки Ҳомид Карзай ҳаводори ӯст ва таблиғи "барномаи академикӣ"-и Ашрафғанӣ, ки сӣ сол дур ватан буд, метавонад Афғонистони ҷагзадаро дар панҷ соли оянда ба кишвари "мутараққӣ ва боз ҳам демокросӣ" табдил диҳад.

Вале аз хатми ҷангу амнияти кишвар Ашрафғанӣ ҳарфе намегӯяд ва толибонро, ки дар рӯзҳои раъйдиҳии мардум беш аз 60 нафарро захмӣ кардаанд, бародар хондааст. Вай чанд соле, ки дар ҳукумати Ҳомид Карзай, вақте ки симати вазирро адо мекард, кам иттифоқ афтода буд, ки бо дарӣ ҳарфе гуфта бошад. Агар матлабашро бо пашту ифода карда наметавонист, онро бо забони ингилисӣ шарҳ медод.

Аҳмадзай ягона номзаде аст, ки ҳамсари хориҷӣ дорад; ҳангоми таҳсил дар Лубнон бо масеҳидухтар издивоҷ кард ва ӯ тӯли сӣ соли охир либоси бобоӣ ба бар накардааст. Аммо дар маъракаи пешазинтихоботӣ, ҳатто миёни ӯзбекони шимол дар сари тосаш лӯнгӣ (сала) ва дар бар ҷелаки ба паштуҳо хос дошт ва аҷиб буд, ки ӯ бо ӯзбекҳо на ба забони пашту ё ӯзбекӣ, балкӣ бо тоҷикии дарӣ ҳарф мегуфт. Ӯзбекҳо фаромӯш кардаанд, ки замоне ҳукумати паштуии марказ забони онҳоро "мурда" хонда буд ва фарде, ки ҳатто бо ӯзбекӣ муошират анҷом медод, ҷарима мешуд.

Ба ҳар ҳол афғонҳо хуб медонанд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ кисту Ашфрафғанӣ кист. Абдуллоҳ Абдуллоҳ чеҳраи шинохта мебошад, ӯ дар душвортарин лаҳазоти ватан дар канори муҷоҳиддин, бо Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд қарор дошт. Ашрафғании Аҳмадзай дар хориҷ мезисту аз дур тамошобини таҳаввулоти сиёсии кишвар буд.

Худи афғонҳо бо ташхисе, ки доранд ва хуб эҳсос менамоянд, ки дар интихобот тасмими хориҷӣ тақдирсоз аст. Агар тақаллуб ҳам шавад, мардум онро бештар аз хориҷиён медонанд, вале аминанд, ки бо вуҷуди тақаллубҳои дар интихобот ҷойдошта Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба пирӯзӣ мерасад. Инро 44, 9 дар сади раъйи мардум, ки ба ӯ додаанд, собит месозад.

Б.Ҳуҷҷатӣ, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi