16:28:35 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Музокироти Женева, куштор дар Славянск, сафари Ҷо Байден ба Киев

Музокироти Женева

Баъди музокироти рӯзи 17-уми апрели вазирони хориҷаи Русия, Украина ИМА ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳояи Аврупо хонум Кетрин Эштон дар Женева вазъият дар Украина дар муқоиса бо вазъи қаблазмузокиротӣ зоҳиран оромтар  ва оддӣ ба назар мерасад. Ҷонибҳо дар ин музокирот, ки онро бархе аз шореҳон   музокироти 3 бар 1 номидаанд (Украина, ИМА, ИА аз як тараф ва Русия аз тарафи дигар), ба тавофуқ расиданд, ки гуруҳҳои ғайриқонунӣ халъи силоҳ шаванд, идораҳои давлатӣ ва майдону ҷодаҳоро, ки қаблан  онҳо ишғол намуда буданд, тахлия намоянд.

1 ua voyna 121212Роҳбарони ҳарду ҷониби музокиракунанда натоиҷи музокиротро муфид арзёбӣ карданд ва онро қадаме ба пеш, ба сӯи суботу оромӣ донистанд. Аммо дар ин байн маълум шуд, ки онҳое, ки ба роҳҳои мухталиф соҳиби силоҳ гардидаанд ва идораҳои давлативу майдонҳоро ба хотири фишор овардан ба ҳукуматдорони  қабливу кунунӣ ишғол кардаанд ("Правий сектор" дар Киев ва тазоҳуротчиён дар ҷанубу шарқии Украина), ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд силоҳои худро ба замин бигзоранд ва тавофуқоти Женеваро иҷро намоянд.

"Путин, ба мо кӯмак кунед!"

Ҳамин аст, ки хабарҳо дар бораи тирпарронӣ ва даргириҳо миёни нируҳои ҳукумат ва отрядҳои худмуҳофизатӣ дар манотиқи шарқии Украина гоҳу ногоҳ аз тариқи расонаҳо мунташир мешаванд. Ҳамин тариқ рӯзи якшанбеи 20-уми апрел хабар расид, ки дар як тирпарронӣ дар шаҳри Славянск панҷ нафар ҷони худро бохтаанд, ки се нафари онҳо аз ҷонибдорони Русия ҳастанду ду нафарашон ҳамлагарон аз "Правий сектор". Дар робита бо ин ҳодиса мири шаҳри Славянск Вечеслав Пономарёв аз Президенти Русия Владимир Путин  хоҳиш кардааст, ки нируҳои низомии Русияро барои кумак ба ин шаҳр фиристад.

Дар манотиқи шарқии Украина, ки асосан тарафдорони собиқ президенти барканоршуда Янукович ҳастанд, бар ин назаранд, ки 11-уми май дар як референдум дар бораи гузаштан ба шакли давлатдории федеративӣ тасмим бигиранд. Ҳукуматдорони тоза ба сариқудратомада дар Киев, ки аввалҳо  мехостанд мақом ва нуфузи  забони русиро дар ҷомеъа коҳиш бидиҳанд, баъди мавҷи тазоҳурот дар Донетск, Харков, Словянск, Мариупол, Одесса ва дигар шаҳрҳои ҷанубу шарқии Украина аз раъйи худ баргаштанд ва имрӯз розӣ ҳастанд, ки ҳатто салоҳиятҳои бештареро дар ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ бигзоранд.

Тарҳи сулҳи Янукович

Дар ҳамин ҳол дар бархе аз расонаҳои хориҷӣ хабаре паҳн шуд, ки тибқи он Виктор Янукович нияти ба Украина баргаштанро дорад ва шояд ин кор дар рӯзҳои наздик сурат бигирад. Ин дар ҳолест, ки ҳукуматдорони нави Украина аз болои Янукович парвандаи ҷиноӣ боз карда аз Русия талаб кардаанд, ки ӯро ба Украина истирдод кунанд. Дар посух ба ин Прокурори Генералии Русия Чайка ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки на танҳо Януковичро ҷинояткор намеҳисобад, балки ӯро Президенти қонунии Украина медонад.

Дар ҳамин ҳол Янукович рӯзи 21-уми апрел изҳороти хешро дар масъала одӣ кардани авзо дар Украина дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ гузоштааст. Тибқи он ӯ пешниҳод мекунад, ки даставвал тамоми нируҳои мусаллаҳ ва аскарони Гвардияи миллӣ аз қисмати шарқии Украина ба макони буду бошашон баргардонда шаванд. Ҳукуматдорон бо мардуми манотиқи шарқи Украина бояд  ба музокирот пардозанд. Сипас дар масъалаи федератсия ва додани салоҳиятҳои бештар ба ҳукматҳои маҳаллӣ референдум гузаронида шавад.

Баъди гирифтани натоиҷи ин референдум, меафзояд Янукович, як референдуми дигар дар масъалаи ҷорӣ кардани тарзи давлатдории президентӣ ва ё парламентӣ баргузор шавад ва бо назардошти натоиҷи ин референдум ба Сарқонуни кишвар- Конститутсия тағйироту иловаҳо дохил карда шавад. Танҳо баъди ин чорабиниҳо гузаронидани интихоботҳои президентӣ ва парлумониро  дар зери назорати созмонҳои байналмилалӣ Янукович имконпазир медонад.

ИМА ва ҳодисаҳои Украина

2 ua voyna 121212Янукович нақшаи оддӣ кардани вазъи Украинаро вақте дар ихтиёри расонаҳо гузошт, ки Ҷо Байден, муовини Президенти ИМА Барак Обама бо сафари дурӯза вориди пойтахти Украина гардидааст. Ҷо Байден қарор аст бо нахуствазир, раиси ҷумҳур, роҳбарони дигар сохторҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоту вохӯриҳо барпо намояд. Бояд гуфт, ки ба назар мерасад ИМА дар масъалаи Украин дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.

Ёрдамчии вазири корҳои хориҷаи ИМА Виктория Нуланд рӯзи 21-уми апрел дар як мусоҳибаи худ бо телевизиони CNN изҳор дошт, ки ИМА барои рушди демократия дар Украина дар 20 соли ахир 5 миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Чанде пештар ҳини мулоқот бо сарвазири Украина Ятсенюк Барак Обама ваъда дода буд, ки ИМА омода аст барои дастгирии иқтисодиёти Украина 1 миллиард доллар кӯмак кунад.

Вале ба гуфтаи Президенти Русия Владимир Путин, ки рӯзи 17-уми апрел дар як барномаи телевизонӣ ба саволҳои тамошобинон посух мегуфт, ИМА ва ИА ҳарчанд ваъдаҳои зиёди кӯмак медиҳанд, вале то кунун на ИМА, на кишварҳои ИА ба иқтисодиёти Украина ёрдам накардаанд. Путина дар идома иброз дошт, ки ҳарчанд Украина чанд моҳ боз ҳаққи газеро, ки аз Русия бо нархи арзон мехарад пардохт намекунад, вале боз ҳам коре накардааст, ки ба иқтисодиёти кишвари бародар ва ҳамсоя зарар биёрад.

Вале аз ин ба баъд дар муносибати тиҷортӣ бо Украина дар масъалаи фурӯши газ ба шакли пешпардохти тиҷорат мегузаранд, таъкид кардааст ӯ. Аввал пулро мегиранд ва баъд газро сар медиҳанд. Дар ин бора Владимир Путин дар як мактубе, ки ба сарони 18 кишвари ИА дар робита ба проблемаҳои фурӯши газ фиристода буд, ба онҳо ҳушдор додааст. ИМА дар як посухи худ ба ин мактуби Владимир Путин онро "найранги газӣ" ("газовый шантаж") номидааст.

Сафари махфиёнаи шефи СРУ ба Киев

Воқеан ташаннуҷи авзо дар Украинаро ИМА кори дасти Русия медонад. Ба гуфтаи ИМА тамоми воқеаҳое, ки дар манотиқи шарқии Украина рух медиҳанд, азҷумла сиёсати ҷудоиталабӣ ва ё худ талаби додани салоҳияти бештар ба остонҳои ин кишвар кори дасти хадамоти ҷосусии Русия ҳаст. Илова бар он вақтҳои охир дар бораи он ҳарф мезананд, ки гӯё артиши Русия аллакай дар дохили манотиқи шарқии Украина ҳаст ва дар сафи ба ном отрядҳои худмуҳофизатӣ, аксарият сарбозони русӣ ҳастанд. Бинобарин ИМА ва ИА ҳушдор ва таҳдидҳоеро нисбати Русия раво медоранд, ки дар оянда таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар муҷозот шадидтар хоҳад шуд.

3 ua voyna 121212Дар ҳамин ҳол расонаҳои русӣ аз он мегӯянд, ки дар сафи гвардияи миллӣ ва нируҳои мусаллаҳи "Правий сектор" зархаридони амрикоӣ хизмат мекунад. Ба гуфтаи ин расонаҳо амалиёти густурдаи ба ном зиддтеррористӣ дар манотиқи шарқии Украина танҳо бо ризоияти шефи Раёсати марказии ҷосусии Амрико (СРУ), ки махфиёна ба Украина омада будааст, сурат гирифтааст. Воқеан дафтари матбуотии вазорати хориҷаи ИМА дар ҳамон рӯзҳо дар Украина қарор доштани шефи СРУ-ро рад накард. Дигар расонаҳо ва манбаъҳои мустақили саҳеҳияти ин иттилоъро тасдиқ намуданд.

Қарор аст 25-уми май дар Украина интихоботи президентӣ баргузор гардад. Маъракаи интихоботӣ бо суръат дар ҷараён аст. Аҷиб он аст, ки номзадҳоеро, ки манотиқи шарқии Украинаро дар ин раванд намоядагӣ мекунад, дар шаҳри Киев ва дигар манотиқи Украина на танҳо мавриди таҳқиру тавҳин, балки мавриди лату кӯб низ қарор медиҳанд. Чунончи номзад ба президентӣ аз шаҳри Донетск Сарёвро ду маротиба дар Киев миллатгароён чунон лату кӯб карданд, ки чанд муддат дар табобатхонаҳо худро муолиҷа кард.

Украина он қадар ҳам дур нест!

Дар ҳамин ҳол моро мавқеи раҳбарони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар қиболи воқеаҳои Украина ва муносибати он  бо Русия ба ҳайрат меорад. Ҳамаи онҳо дар умум хомӯширо пеша кардаанд. Дигар ба чӣ кор меоянд он созмонҳои байналмиалие, ки кишварҳои собиқ шӯравиро муттаҳид месозанд. Имрӯз агар онҳо натавонанд пеши роҳи ҷанги ду бародарро бигиранд, пас дигар чӣ лозиманд ин ташкилотҳо? Касе фикр кунад, ки Украина ва Русия аз мо  дуранд, фикр намекунам, ки андешааш солим  бошад. Чунин мавқеъ ба фикри мо на ба манфиати Украинаву Русия ҳасту на ба манфиати дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ. Коре бояд кард, ки шуълаи ҷанг аланга назанад. Ором набояд буд. Мо моргазидаем аз ресмони ало метарсем.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi