17:15:52 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Интихоботи Афғонистон: Пирӯзии доктор Абдуллоҳ наздик аст!

Интихоботи президентии соли 2014-умро дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон таърихӣ меноманд, зеро бори аввал аст, ки беш 8 миллиён интихоботкунанда дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат намуданд.

1 doctor abdulla 2014Таи ду моҳ дар 34 вилоят барои барпо гаштани интихобот омодагиҳо дида шуда, маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар бештари вилоёти кишвар бо вуҷуди таҳдиди шадиди ҳаракати толибон доир гашт. Пешгӯиҳои зиёде дар расонаҳои иттилоотии ҷаҳон дар бораи номзадҳои курсии президентӣ садо доданду ба нашр расиданд.

Кулли афғонҳо ба чеҳраи зебои Абдуллоҳ Абдуллоҳ 51-сола, ки аксҳои ӯҷодаҳои марказии шаҳрҳои бузурги кишварро зебу фар мебахшид, бо як ҷаҳон меҳру садоқат ва ҳусни ният менигаристанду бо ангушт ишора менамуданд. "Абдуллоҳ Абдуллоҳ-наҷоти миллат", "Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Афғонистон сулҳу ваҳдат меорад", " Мо ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ раъй медиҳем" ва даҳҳо шиорҳои ба ин мазмуну монанд, ,ки интихобкунандагон дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ болои сар доштанд, бори дигар аз шуҳрату обрӯ ва эътиқоди мардум нисбати ин сиёсатмадор башорат медод.

Бале, ин чеҳраи сиёсӣ барои кулли афғонҳо шинохта аст. Ӯ дар интихоботи соли 2009 яке аз рақибони асосии Ҳомид Карзай ба ҳисоб мерафт. Абдуллоҳ Абдуллоҳро дар маъракаи интихоботӣ ҳаракати "Эътилофи Шимол", ки таъсисдиҳандаи он Қаҳрамони миллии  Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуди фақид буд, намояндагӣ мекард. Бо дарёфти 28 дар сади раъйи мардум Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба даври дуюми интихоботи соли 2009 роҳхат гирифт, вале интихоботро аз тақаллубҳо орӣ надид ва аз сабқати муборизаи даври дуюми интихобот даст кашид. Комиссияи марказии интихобот Ҳомид Карзайро, ки ҳатто 40 дар сади раъйи мардумро ба даст наоварда буд, ночор пирӯз эълон кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар Афғонистон ӯро бо як ҷаҳон меҳру садоқат "доктор Абдуллоҳ" меноманд, аз ин бемуваффақиятӣ дилсарду навмед нагашт. Ӯ суханони раҳнамунсози роҳбару устоди маънавии хеш профессор Бурҳониддин Раббониро, ки дар ҷаласаҳои "Эътилофи шимол": "Ман дар сиёсати калон пас аз Аҳмадшоҳи Масъуди фақид танҳо чеҳраи фарзанди гиромиам Абдуллоҳ Абдуллоҳро мебинам" мегуфт, пеши рӯ дошт ва зарбаи сангини сиёсии интихоботро, ки комиссияи Марказии он беш аз 1 миллиён раъйи интихобкунандагонро тақаллубкорӣ аз ҷониби ҳаводорони Ҳомид Карзай эълон намуд, бо мардонагӣ ва шуҷоате, ки дошт, таҳаммул кард ва курсии президентиро ба Ҳомид Карзай бахшид.

Ин марди сиёсати калон соли 2010 ба хотири ҷалбу мушорикати ҳарчи бештари сокинони Афғонистон дар маъракаҳои сиёсӣ созмони "Таҳаввулот ва умед"-ро таъсис дод, ки сокинони кишвар аз Ҷануб то Шимол онро хуб истиқбол гирифтанд. Соли 2011бошад, ин созмон ба ҳаракати сиёсии "Эътилофи миллии Афғонистон" табдил ёфт ва он имрӯз миёни аҳзобу дигар ҳаракатҳо яке аз пурнуфузтарину неруманд ба ҳисоб рафта, ва худи Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси ин ҳаракат интихоб шудааст.

2 doctor abdulla 2014Моҳи октябри соли 2013 "Эътилофи миллии Афғонистон" номзадии Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба интихоботи президенти мамлакат дар соли 2014 пешбарӣ намуд ва комиссияи Марказии интихобот номзадии ӯро ба қайд гирифт. Интихобот бо таҳдиде, ки ҳаракати манфури толибон доштанд, 5 апрели соли равон барпо гардид. Тӯли якуним ҳафта раъйи мардум, онҳое, ки дар интихобот номнавис шуда буданд, аз 34 вилоёти кишвар ба комиссияи Марказии интихобот ворид шуд.

Пешгӯиҳои мардум дар бораи пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи соли 2014 наздики ҷомаи амал пӯшидан аст. Ӯ дар 34 вилоёт 41, 9 дар сади раъйи интихобкунандагонро ба даст оварда, дар сабқати нитихоботӣ миёни 8 нафар довталабон пештоз буда, пирӯзии ин марди сиёсӣ барои дарёфти курсии президентӣ наздик аст. Ашрафғании Аҳмадзайи лугарии 65-сола бо дарёфти 37,6 дар сади раъйи мардум ба пирӯзӣ умед бастааст, вале боварию эътиқод, таваҷҷуҳ ва ҳусни нияти мардум ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ бештару бештар мебошад.

Маъракаи интихоботи соли ҷориро номзад ба курсии президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба телевизиони ВВС-форсӣ ва хабаргузории он шарҳ дода, иброз дошт, ки ҳанӯз дар раванди раъйдиҳии мардум ашхоси бонуфузу воломақом фишор оварда, барои тақаллубкорӣ замина муҳайё месозанд.

Ҳамин тақаллубкорӣ дар интихоботи гузашта боиси нигарониҳо гашт ва мардум аз прусаи демокросӣ дар кишвар дилсард ва навмед шуданд. Бояд он ба мардуми мо дарси ибрат ва омӯзанда дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ шуда бошад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба суоли хабарнигор, ки ӯҷойгоҳ ва мақоми Ҳомид Карзайро дар оянда чӣ гуна тасаввур мекунад,  посух ироа дошт, ки ба Ҳомид Карзай мақоми ифтихорӣ дода мешавад ва ӯ дар ҷомеаи Афғонистон чеҳраи мондагор маҳсуб меёбад.

Шарҳи мухтасари рӯзгори Абдуллоҳ Абдуллоҳ

3 doctor abdulla 2014Абдуллоҳ Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар шаҳри Кобул чашм ба дунё кушодааст. Падараш пашту ва модараш тоҷик мебошад. Падараш як даъват, аз вилояти Қандаҳор, симати сенаториро дар Шӯрои миллии замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ ишғол кардааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ соли 1983 факултаи тиббии Донишгоҳи Кобулро бо тахассуси пизишки чашм хатм менамояд. Солҳои 1986-1992 мушовири махсус ва шахси боэътимоди Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт. Дар ин солҳо вазифаи сардори сарраёсати тиббии минтақаи "Эътилофи шимол" ва сардухтури онро ба ҷо меовард. Баъди суқути ҳукумати Наҷибуллоҳ доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар вазорати умури хориҷаи ҳукумати таъсисдодаи муҷоҳиддин вазифаи масъулро ба дӯш доштааст. Соли 2001, баъди террори Аҳмадшоҳи Масъуд ҳаракати "Эътилофи шимол"-ро дар чандин конфронсҳои байналмидлалӣ намояндагӣ менамояд. Соли 2001-2005 вазифаи вазири умури хориҷаро дар Дастгоҳи муваққати президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон ишғол карда, инчунин раиси Ҷиргаи сулҳи Афғонистону Покистонро ба дӯш доштааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо забонҳои дарӣ, англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ озодона ҳарф зада, бо забони пашту ошноии хуб дорад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ- оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Бурҳони Салмон, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi