14:40:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Интихобот дар Афғонистон хуб гузашт, аммо …

Инак, бори аввал баъди суқути низоми коммунистии Наҷибуллоҳ дар Афғонистон маъракаи интихоботӣ бо шӯру шавқи беандоза оғоз ва ба анҷом расид.

1_intikhobot-afg-121212.jpgЗамони қудрати Бурҳониддини Раббонӣ замони шаклгирии давлати муҷоҳидин буд, ки билохира баъди интригаҳои бегонапарастони Толиб ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Қудратҳои ҷаҳонӣ бо иттифоқи ҳамдигар давлати Раббониро нагузоштанд нерӯманд шавад, зеро аз иттиҳоди форсзабонон тарсиданд. Вале ба паштутаборони Толиб низ ин имконро надоданд, ки соҳиби қудрат ва тасаллут дар сар то сари Афғонистон бошанд.

Амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо қабл аз он ки тасмим бигиранд Афғонистонро ишғол хоҳанд кард, аввал устураи ҷиҳоду пайкор ва як шахсиятеро, ки ба ҳич ваҷҳ таҷовузи хориҷиёнро таҳаммул намекард ва қабул надошт, аз миён бардоштанд.

2_intikhobot-afg-121212.jpgАҳмадшоҳи Масъуд аввалин қурбонии мутаҷовизин буд ва ба дунболи ӯ яке паси ҳам дигар сарварони муҳими ҷиҳод кушта шуданд, ки охирин қурбонӣ фавти асроромези маршал Фаҳим буд. Бо гузашти ин бештар аз даҳ соли таҷовузи хориҷиён дар Афғонистон бори аввал интихоботи озод баргузор шуд. Мо ҳоло маълумоти комил дар бораи ҷузъиёти он надорем. Зеро овози мардум пурра ва то охир шумурда нашудааст.

3 intikhobot-afg-121212Маълумотҳои расмӣ интишор нашудаанд. Аммо ҷолиб он аст, ки бархилофи таҳдидҳои душманони озодиву истиқлолияти Афғонистон қариб дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ бидуни кадом таҳдид мардум райъ доданд. Аз аввалин соати оғози овоздиҳӣ хабаргузориҳои муътабари олам аз ҷалби бесобиқаи мардум гузоришҳои хабарӣ ва аксу суратҳои басо ҷолиб интишор доданд. Навбат поидани мардум дар ҳавзаҳо далели ширкати бемамониат, озоду демократӣ буд.

Аз нақзи ҳуқуқи интихобкунандагон ягон хабар интишор нашуд ва ҳатто аз ҳоло мегӯянд, ки дар ин кишвари ҷангзада ва хаста аз пархошҳои дохиливу хориҷӣ интихобот даҳҳо маротиба демократитар ва озодтар аз мамолики ҳамсояи он гузашт.

4 intikhobot-afg-121212Қазоват намекунем, алорағми баъзе бунгоҳҳои хабарӣ, ки пирӯзии номазадеро ҳадс мезананд, тахмин намезанем. Бигзор комиссиюни интихоботӣ райъи мардумро ҷамъбаст кунад. Вале мо дар ин саҳифа чанд аксеро бозчоп мекунем, то ширкати фаъолонаи ҳама ақшори ин миллат дар интихобот инъикос ёбад. Боқӣ қазоват ба худи хонанда.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi