18:31:04 29-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Интихоботи Афғонистон: Шерзай муқобили Карзай. Чаро?

То интихоботи президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. 5 апрел, баробар ба 15 ҳамал беш аз 13 миллиён интихобкунандагон ба пояҳои сандуқҳои раъйдиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзадҳои хеш раъйи худро медиҳанд.

sherzay 565645654Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки миёни 11 нафар номзадҳо пирӯзӣ насиби кӣ мегардад. Дар васоити ахбори ҷаҳон ҳадс мезананд, ки шонси доктор Абдулло Абдулло- намояндаи собиқ Эътилофи шимол ва Залмай Расул ва Ашраф Ғанӣ- аз наздикони Ҳомид Карзай барои соҳиб шудани раёсати ҷумҳурӣ хеле зиёд аст.

Аммо мусоҳибаи ихтисосии шабакаи ҷаҳонии ВВС-форсӣ (30 март) бо номзади чеҳрааш дар расонаҳои хабарии ҷаҳон он қадар ноошно, ҷаноби Гулоқо Шерзай-собиқ волии вилоятҳои Қандаҳор ва Нангарҳор пардаро аз сиёсатбозиҳои маъракаи пешазинтихоботӣ, ки гӯё интихобот дар фазои демократӣ ва шаффофият доир мегардад, боз кард.

Гулоқо Шерзай- намояндаи қавмҳои машҳури сулолаи Мумандиён - паштуҳои Қандаҳору Ҷалолобод ва қисман Вазиристони Покистон, ки шаҷараашон ба Аҳмадшоҳи Дурронӣ-асосгузори давлати Афғонистон (1847) мерасад, кушоду рӯшан даъвои ҳукумати кунунии Афғонистонро намуд. Дар мусоҳиба, аз ҷумла омадааст:

-Шумо, Гулоқо Шерзай, яке аз номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбед ва 13 сол бо Ҳомид Карзай дар сиёсати калон шомил будед. Шуморо бо шӯхӣ сиёсатматдор-булдозир ҳам меноманд. Ба пирӯзӣ дар интихобот боварӣ доред?

-Бале, ман тӯли 13 сол дар ҳукумати Ҳомид Карзай ба ҳайси волии вилоятҳои Ҷалолободу Қандаҳор фаъолият анҷом додам ва то ҷойе ба сари қудрат омадани Ҳомид Карзайро дар интихоботҳои пешин бо маслиҳату машвараи қавм мусоидат кардам. Маро дар Афғонистон шукри Худованд ҳама хуб мешиносанд, ки шахси накукор ва дасткушод ҳастам. Ва бояд бигӯям, ки ман дар ду даври интихоботи пешин ҳам мисли ҳозира ба ҳайси намояндаи кавму қабоили ҷануби Афонистон номзад ба раёсати ҷумҳурӣ будам. Бахусус дар интихоботи гузашта қавми мо машварат дод, ки дар даври дуюм роъйи интихобкунандагонро ба Карзай бидиҳам ва ӯ дар интихобот пирӯз шуд. Албатта, ба ваъдаи Ҳомид Карзай умед баста будам.

-Ҳоло вазъ ба куллӣ фарқ мекунад, толибон боқӣ монда ва муносибати шумо бо толибон чӣ гуна аст?

-Толибон саканаи ҳамин Афғонистон, бародарони мо ҳастанд, мо бо онҳо иртиботи қавӣ дорем. Онҳо хуб медонанд, ки ман шахсан касеро накуштаам. Мардуми мо, қавми мо дар раёсати раиси ҷумҳур шахси қотил, ғосиб ва пулдорро қабул надорад. Мо мехоҳем, ки сулҳ, оромӣ бошад, ҷангу куштор аз сарзамини мо бардошта шавад.

-Оқои Ҳомид Карзай чӣ тааҳудоте карда буд, ки ҳоло дар ин рӯзҳо аз он ёддоварӣ менамоед. Маъракаи пешазинтихоботии шумо хеле пуршӯр гузашт, ба ҳар куҷо, ки мерафтед, ба мардум пулу доллар медодед. Шуморо миллиордар мегӯянд, ин саҳеҳ аст?

-Ин дурӯғ аст, ки ман миллиордар ҳастам, биҷӯед дар ягон бонки ҷаҳонӣ пайсае ба номи Гулоқо вуҷуд надорад, дороиям шояд аз 2-3 ҳазор доллар беш набошад. Тиҷоратамро пинҳон намекунам, пулу пайсае, ки ба мардуми бечора медиҳам, аз дилсӯзӣ ба мардумам аст. Ҳомид Карзай, ваъдааш ин буд, ки бояд ман дар интихоботи навбатӣ раиси ҷумҳур бошам, аммо мебинам, ки ин фанду дурӯғӣ беше нест. Қавми мо инро хуб дарк мекунад ва ба ин ваъдахилофӣ розӣ нест. Гулоқо Шерзай бояд ҳукумат дошта бошад.

-Чаро Ҳомид Карзай ба ваъдааш устувор наистод ва бародараш Қайюм Карзай ва Залмай Расулро ба раёсат номзад пешниҳод кард?

-Бароям ҳоло норӯшан аст. Ҳомид Карзай, хост дар аввал, бародарашро раиси ҷумҳур кунад, аммо аз ин тасмим даст кашид ва бидуни хости қавми мо номзадии Залмай Расулро пазируфт. Қавми мо ба ин розӣ нест, ман бояд ин дафъа раиси ҷумҳур бошам, ваъда ҳам ҳамин хел буд. Ман дар даври пешин .ба Ҳомид Карзай кумаки зиёде кардам, пул додаму пайса додам. Қавми мо шоҳиди ин аст.

-Хуб, рафту шумо дар интихоб пирӯз нашудед, чӣ тасмим мегиред?

- Ман, авалан ба пирӯзӣ бовар дорам. Рафту пирӯз нашудам бо қавму қабоил маслиҳат мекунем, тасмим дар дасти онҳост. Мо дар вазифаи раиси ҷумҳур, чи тӯр, ки дар боло гуфтам, котилу ғосиб ва пулдорро қабул надорем.

Таҳияи Б.Салмонов, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi