20:13:27 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷанги расонаии Арабистон, Амороту Баҳрайн бо Қатар

Дар пайи шиддат ёфтани ҷанги расонаии Қатар бо Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн, 11-уми марти 2014 Кумитаи телевизион, радиошунавонӣ ва матбуоти чопии Арабистони Саудӣ иҷозаи фаъолияти шабакаи хабарии "Алҷазира"-и Қатарро дар ин кишвар қатъ кард.

aljazeera-00212333.jpgАрабистони Саудӣ, ду рӯз пеш аз ин низ ҳаргуна фаъолият ва ҳамкории шаҳрвандонаш бо расонаҳои қатариро манъ карда буд ва дар посух муассисони расонаҳои қатарӣ низ эълом кардаанд, ки дигар ба маводҳои аудиовидиоӣ ва матолиби чопии арабистониён ниёз надоранд ва эшон ҳам худашонро дар ин бора дигар заҳмат надиҳанд.

Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳаракати муқовамати исломии Фаластин "Ҳаммос" ҳам, бинобар сард шудани муносибатҳои диплломатӣ ва сиёсии ин кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бо Қатар аз Тамим бини Ҳамад Оли Сонӣ, амири ин кишвар талаб кардааст, ки ба вай иҷозат диҳад, то дафтарашро аз Давҳаи Қатар ба Байрути Лубнон ё Хортуми Судон ва ё ҷое дигар интиқол диҳад, чун яке аз омилҳои сард шудани ин муносибатҳо ҳимояи Қатар аз "Ҳаммос" ва пуштибонӣ аз Фаластин унвон мешавад. Аммо Амири давлати Қатар ин пешниҳоди Машъалро радд кардааст.

Қатар тавассути расонаҳои худ аз шабакаи хабарии "Алҷазира" аз оғози "Баҳори арабӣ" то кунун тайи беш аз се сол пайваста аз мардуми маҳаллӣ ва озодихоҳоне, ки даҳсолаҳо зери султаи як ҳукумати истибдодӣ ва худкома бар сар мебаранд ва аз ҷумла ҷамоати "Ихвонулмуслимин", ки шохаҳояш дар кишварҳои мухталиф вуҷуд доранд ва ин муддат фаъолтар шудаанд, ҳимоят карда, фаъолияти ҳукуматҳои худкомаро танқид мекунад.

Пас аз барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ, президенти мунтахаби Миср, ки намояндаи Ҳизби озодӣ ва адолат-шохаи сиёсии ҷамоати "Ихвонулмуслимин"-и ин кишвар дар таърихи 3-07-2013 тавассути Вазири дифоъи ин кишвар Абдулфаттоҳ Сисӣ ба зиндон уфтод, муносибатҳои ин се кишвари ҳавзаи Халиҷи Форс бо Қатар беш аз пеш рӯ ба сардшавӣ ниҳоданд.

Ҳукумати муваққати Миср ҳам пас аз қатлу куштори наздик ба 8 000 нафар, маҷруҳ кардани ҳудуди 33 ҳазор нафар ва ба ҳабс гирифтани наздик ба 20 ҳазори дигар аз аъзо ва ҳаводорони Ҷамоати "Ихвонулмуслимин" фаъолияти он ва тамоми ниҳодҳои зертобеашро дар қаламрави ин кишвар мамнуъ эълом намуда, ахиран худи ин ҷамоатро ҳам дар феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кард. Аммо бо ин вуҷуд натавонист, ки алайҳи ин ҷамоат тасаллути комил пайдо кунад. Ҳамчунин ин ҳукумат тамоми фаъолиятҳои "Ҳаммос" ва ҳамкорӣ бо онро ҳам дар дохили Миср мамнуъ эълом кард, ки ин амр ба вокунишҳои мухталифе дар ҷомеа рӯ ба рӯ шуд.

Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн, ки аз сармоягузорони аслӣ дар рафти барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ ва ҳукуматӣ он тавассути табаддулотгарони низомӣ дониста мешаванд, натавонистанд дар ин муддати тӯлонӣ бар зидди "Ихвонулмуслимин" ва "Ҳаммос" бо Қатар забон як кунанд.

Бинобарин, ахиран ин се кишвар ба баҳонаи он, ки Қатар дар умури дохилии ин кишварҳо дахолат мекунаду сиёсати хориҷӣ (ҳимояти Давҳа аз Ҷамоати "Ихвонулмуслимин"-у Ҳаракати муқовамати исломии Фаластин "Ҳаммос", пуштибонии моддӣ ва сиёсӣ аз онҳо)-и он ба амнияти кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ (-и Форс) таҳдид мекунад, дар ҳафтаи гузашта сафирони худро аз Қатар бозхонда, фишорҳову як навъ ҷанги расонаиеро бар алайҳи ин кишвар оғоз кардаанд. Инчунин Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ки агар Давҳа аз ин корҳояш даст накашад, аз тариқи ҳаримҳои заминӣ ва ҳавоии худ Қатарро муҳосираи иқтисодӣ хоҳад кард.

Бар илова, Арабистони Саудӣ низ чанд рӯз пеш Ҷамоати "Ихвонулмуслимин", "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Доъиш"-и Сурияву Ироқ ва чанд танзими дигарро узви созмонҳои террористӣ эълом карда, ҳаргуна ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва пуштибонии молии ин ҷамоат ва ниҳодҳои зертобеи онҳоро ҷиноят хонд ва Ҳукумати Муваққати Миср ҳам аз он истиқбол кард.

Қатар ҳам дар баробар, дар ҳол тамосҳоеро бо Туркияву Эрон ва Судону баъзе кишварҳои дигар барқарор карду хабар дод, ки сиёсати хориҷии ин кишвар ба амнияти кишварҳои ҳавзаҳои Халиҷи Форс ҳеҷ таҳдиде намекунад ва Давҳа низ зери таъсири ягон блоки сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор намегираду истиқлолияти худро низ зери суол намебарад. Қатар таъкид дорад, ки назди касе ва кишваре муттаҳам нест ва пеши ягон нафаре ҳам сар хам нахоҳад кард.

Иддае аз коршиносон ҳам бар ин натиҷа расидаанд, ки чун Муҳаммад Мурсӣ тавонист дар муддати президентиаш тавассути ҳукумати худ то андозае раҳбариро дар ҷаҳони Ислом соҳиб шавад ва таъсиргузории Арабистони Саудӣ дар ин муддат болои кишварҳои исломӣ камтар шуд, Риёз нахост, ки "Ихвонулмуслимин" дар Қоҳира раҳбариро ба даст бигиранду оҳиста-оҳиста дигаронро аз "хоби ғафлат" бедор карда, ҷойгоҳи кишварҳое назири Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони исломро тангтар кунанд. Гузоришҳое, ҳам дар расонаҳои хабарӣ вуҷуд дорад, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ пеш аз ба сари қудрат расидани Мурсӣ, намехост исломгароҳо дар ин кишвар соҳиби ҳукумат шаванд.

Хабаргузории Фаронса, ҳам ахиран фош кард, ки Арабистони Саудӣ ба намояндагӣ аз ду кишвари ҳампаймонаш дар нишасти ахири Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ аз Қатар хостааст, ки барои беҳбуд бахшидани муносибатҳояш Шабакаи хабарии "Алҷазира"-и Қатар ва ду пажӯҳишгоҳи дигарро бибандад ва мақомоти Давҳа ҳам дар посух ба он ҷавоби радд дода гуфтаанд, ки ин пешшартгузориҳои Саудӣ ошокоро дахолат кардан дар умури дохилии Қатар аст.

Ҳамчунин мақомоте аз Риёз эълон кардаанд, ки Арабистони Саудӣ "Ҳаммос"-ро намояндаи мардуми Фаластин эътироф намекунад. Саудӣ танҳо Ҷунбиши "Фатҳ"-ро намояндаи расмии Фаластин мешиносаду бо он ҳамкорӣ менамояд.

Оғози ҷанги нарму расонаии кишварҳои Аабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Аморати Муттаҳидаи Араб алайҳи Қатар ҳам ба хотири он аст, ки ин кишвар тарғибгари ислоҳот дар ҷомеа асту намехоҳад дар асри XXI мусалмонон дар ҷомеаҳои карахтшуда ва ҳувиятгумкарда барои солҳои тӯлонӣ зиндагӣ кунанд. Ин се кишвар ҳам чун ҳукуматҳои худкома хонда мешаванд талош доранд, ки дар қудрат боқӣ бимонанд ва ар-Риёз ҳам барои аз даст надодани раҳбарии худ дар минтақа ва ҷаҳони ислом намехоҳад кишваре мисли Қатар ҷойгоҳашро танг кунаду шабакаи хабарии "Алҷазира"-и ин кишвар, ки  ба ҳайси "шабакаи бедорӣ" ном баровардааст, ба зери курсиаш об бибандад. Аммо, ин ҷанги расонаӣ 3 бар алайҳи 1 ба чӣ меанҷомад, вақт муайян хоҳад кард!

Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi