20:12:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Путин: Русия ҳаққи дахолати низомиро дорад!

Рӯзи якшанбеи 16-уми марти соли 2014 дар қаламрави Ҷумҳурии мухтори Қрим, ки дар ҳоли ҳозир дар тамоми харитаҳои сиёсии ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ-маъмурӣ ҳамчун ҳудуди Ҷумҳурии Украина маҳсуб мешавад, раъйпурсии умумӣ баргузор мегардад. Дар ин раъйпурсӣ бошандагони ин нимҷазираи воқеъ дар лаби Баҳри Сиёҳ бояд ба саволи "Оё онҳо ҳамчун воҳиди маъмурӣ-сиёсӣ мехоҳанд дар ҳайати Украина бимонанд ва ё бо Федератсияи Русия ҳамроҳ шаванд?" посух бидиҳанд.

putin-0001Ин чорабинии муҳими раҳбарони ҷумҳурии мухтори Қрим дар ҷаҳон вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Пеш аз ҳама раҳбарони нави Украина, ки 21-уми феврали соли 2014 бо роҳи зӯрӣ парезиденти қонунии ин кишвар Виктор Януковичро барканор намуда дар Киев ба сари қудрат омаданд, онро ғайриқонунӣ эълон карданд. ИМА ва тақрибан тамоми кишварҳои асосии Иттиҳоди Аврупо низ онро муғойир ба қонунҳои байналмилалӣ медонанд. Кор ба ҷое расидааст, ки ИМА рӯзҳои ахир назди Русия ултиматум монд, ки агар аз ҳамроҳшавии Қрим ба Русия ҷилавгирӣ нашавад, миёни Русия ва ИМА ҷой барои робитаҳои дипломатӣ нахоҳад монд.

Дар посухи ин хабар раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзин-пин дар як тамоси телефонӣ Барак Обама, Президенти ИМА-ро даъват намуд, ки тамоми масоили вобаста ба Украинаро бо Русия танҳо дар чаҳорчӯбаи робитаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд. Чанде пештар вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷавобан ба даъватҳои кишварҳои ғарбӣ эълон кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия, гуфта буд, ки Чин мухолифи дар муносибатҳои байни давлатҳо истифода бурдани таҳримҳои иқтисодӣ мебошад. Хулоса авзои байналмилалии ҷаҳон дар ҳафтае, ки гузашт хеле ҳам ба вахомат гаравид. Чӣ боис гардид, ки имрӯз абарқудратҳои ҷаҳон дар садади рӯ ба рӯ шудан бо хатари эҳёи "ҷанги сард" қарор гирифтаанд?

Таҳлилгарону коршиносони масоили сиёсӣ албатта сабабу баҳонаҳои зиёдеро пеш меоранд. Бархеҳо бар ин назаранд, ки талошҳо ва муборизаҳои геополитикии як абарқудрат ба хотири аз саҳнаи сиёсӣ танг кардани абарқудрати дигар, билохира ба чунин натиҷаи ҳузнангез, ки оқибатҳои фоҷиангезтаре дар пай дошта метавонад, оварда расондааст.

Вале дар мисоли мушаххаси мо кор аз он ҷо сар шуд, ки Президенти Украина бо фармони худ раванди шомилшавии ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупоро ба таъхир гузошт. Мухолифони ҳукумати ӯ ба нишони эътироз ба майдони марказии пойтахт шаҳри Киев баромаданд. Аҷиб он буд, ки намояндагони расмии кишварҳои ғарбӣ, ба хусус сафиру дипломатҳои ИМА ва бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз тазоҳуротчиён на танҳо дар сухан, балки дар амал низ дастгирӣ мекарданд.

Ба онҳо ошкоро хӯроку пӯшока медоданд. Митингчиён ба тадриҷ биноҳои наздик ба парлумон ва ҳукумати Украинаро тасарруф намуда ба тазоҳуроти шабонарӯзии худ идома медоданд. Мақомоти қудратӣ вақте мехостанд аз амалҳои ғайриқонунии тазоҳуротгароён пешгирӣ намоянд, митингчиён алайҳи онҳо аз зарфҳои шишагини пур аз бензини дардодашуда кор мегирифтанд. Ба сӯи онҳо ба истилоҳ "коктейлҳои молотовӣ"-ро партоб мекарданд. Баъдан дар майдон тирпарронӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин задухӯрд тибқи омори расмӣ 95 нафар аз ҳарду ҷониб ба ҳалокат расид.

Ахиран дар сайти Ютуб як суҳбати телефонии хонум Эштон, яке аз масъулини Иттиҳоди Аврупо бо ҷаноби Паэт, вазири корҳои хориҷии Эстония пайдо шуд, ки тибқи маълумоте, ки аз ин суҳбати маҳрамонаи ин ду нафар бармеояд, тазоҳургарон ва кормандони мақомоти қудратие, ки дар майдон кушта шудаанд, аз ҷониби снайпер (мерганҳо)-ҳое парронда шудаанд, ки гумон меравад бо эҳтимоли зиёд ба гуруҳи радикалҳои худи мухолифин мансуб бошанд.

Фишори тазоҳуротгарон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо болои ҳукумати Виктор Янукович чунон ҳам зиёд гардид, ки Президенти Украина дар гуфтушуниде, ки 21-уми феврали соли 2014 бо роҳбарони мухолифин таҳти миёнҷигарии вазирони хориҷии Олмон, Фаронса ва Лаҳистон дошт, розӣ шуд, ки ба ивази таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар моҳи майи 2014 пеш аз муҳлат дар кишвар интихоботи президентӣ эълон намояд. Дар ин бора Созишномаеро низ бо бо мухолифин ба имзо расонданд, ки дар он имзои се вазири кишварҳои зикршуда ҳамчун кафили иҷроиши ин санад омадааст.

Аммо ҷинои тундгарои мухолифини ҳукумати Украина бар хилофи тавофуқоти ба дастомада дар як ҳамлаи мусаллаҳона қудратро ба даст гирифт ва нахустин қонунеро қабул кард, ин тибқи он забони русӣ аз мақоми давлатиаш маҳрум шуд. Раҳбарони мухолифин аз таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ низ фаромӯш карданд.

Ба замми он ошкоро дар пайи боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани президент Виктор Янукович шуданд. Қасосгириву ниқорталабӣ аз одамони норозӣ аз ҳукуматдорони нав дар он минтақаҳое, ки мухолифин аксариятро ташкил медоданд, ба авҷи аълои худ расид. ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо саросемавор мухолифини бо роҳи зӯр ба сари қудратомадаро ба расмият шинохтанд, вале аз ин корҳои бад онҳоро ҳушдор надоданд. Ин мавҷи нооромиҳоро дар минтакаҳое ба бор овард, ки аҳолии он ҷойҳо асосан русҳоянд ва ё бо забони русӣ ҳарф мезананд.

khrim-ukrainna-0003Масалан дар Ҷумҳурии мухтори Қрим, ки қариб ду миллион аҳолӣ дорад ва беш аз шаст дар сади аҳолии онро русҳо ташкил медиҳанд, дар як ҷаласаи изтирорӣ вакилони Парлумони ҷумҳурии мухтор раиси ин ниҳоди қонунбарорро, ки аз ҳукумати нав ҷонибдорӣ мекард, барканор карда ба ҷояш нафареро интихоб намуданд, ки ба сари қудрат омадани мухолифинро табаддулотӣ давлатӣ арзёбӣ кард. Баъдан ҳукумати нави ҷумҳурии мухтор таъсис дода шуд ва ин ҳукумат бо таъсиси ниҳодҳои худмуҳофизакунии низомӣ (отряды самообороны) тамоми идораҳои ҳаётан муҳими ҷумҳуриро, аз ҷумла фурудгоҳҳо, биноҳои ҳукуматӣ ва ғайраро зери назорати худ гирифт ва сиёсати ошкорои русгароиро пеша кард.

Ҳукумати Русия ҳам, ки то 21 феврал дар қиболи ҳодисаҳои Украина камтар изҳори назар мекард, таҳаввулоти ин кишварро табаддуллоти давлатӣ арзёбӣ намуд ва эълон дошт, ки ба сабаби он ки русҳо дар Украина мавриди тазъиқу фишор қарор гирифта ҷонашон дар хатар аст, ҳак дорад аз нируҳои низомиаш барои муҳофизати ҳуқуқҳо ва ҷони онҳо истифода барад. Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия дар ҷаласаҳои изтирории худ аз Президент Владимир Путин расман талаб карданд, ки барои муҳофизати ҳамватанони дар Украина буда аз нирӯҳои низомӣ истифода намояд.

Дар ин байн дар расонаҳои ғарбӣ ва Украина маълумоте ба нашр расид, ки тибқи онҳо Русия ба нимҷазираи Қрим беш аз 35 ҳазор нафар нируҳои низомии хешро ворид кардааст ва ин маҳдударо ба тасарруфи худ даровардааст. Дар посух русҳо гуфтаанд, ки онҳо ҳеҷ гуна нируи низомиеро ба нимҷазира ворид накардаанд, зеро ба ин ниёзе надоранд. Онҳо бе ин ҳам дар ин нимҷазира дар шаҳри Севастопол флоти ҳарбиву баҳриеро моликанд, ки дар вақти зарурат аз он метавонанд истифода намоянд.

Ин лаҳзаҳо, ки ин сатрҳо навишта мешаванд (субҳи 11-уми март) хабар расид, ки президенти фирории Украина Виктор Янукович мехоҳад имрӯз баъди нисфирӯзӣ дар шаҳри Ростови лаби Дон бо рӯзноманигорон мулоқоте дошта бошад. Чунин як мулоқотро ӯ як ҳафта пеш доир карда буд ва дар он изҳор дошта буд, ки ӯ ҳанӯз худро президенти қонунии Украина медонад, зеро истеъфо надодааст ва Парламенти Украина ҳам импичменти (барканории) ӯро эълон накардааст.

Ба гуфтаи ӯ мухолифин бар хилофи тавофуқоти ки бо ӯ доштанд, бо истифода аз зӯр ба сари қудрат расидаанд ва аз кишварҳои миёнҷӣ дар гуфтушунидҳои ӯ ва мухолифонаш талаб кард, ки мусоидат намоянд то Созишномаи 21 феврал амалӣ шавад. Янукович дар навбати худ аз Путин даъват ба амал овард, ки дар доираҳои созишномаҳое, ки байни Русия ва Украина ба имзо расидаанд, барои барқарор кардани ҳукумати конститутсионаш ба ӯ кӯмак расонад. Вале ҳамзамон эълон дошт, ки мехоҳад, ки Қрим дар ҳайати Украина бошад.Аммо имрӯз аксарияти аҳолии Қрим хоҳишманди онанд, ки ба ҳайати давлати Русия ҳамроҳ шаванд. Янукович дар ин мулоқоташ бо хабарнигорон дар ин бора чӣ мегуфта бошад?

khrim-ukrainna-0002Вале дар ҳамин ҳол ки президенти Русия Владимир Путин бо такя ба хоҳиши президенти қонунии Украина Янукович ва хоҳиши русзабонҳои Украина дар суханрониҳояш мегӯяд, ки барои дар хоки ин давлат аз нирӯҳои низомӣ истифода бурдан ӯ тамоми ҳуқуқҳоро дорад. Вале аз истифодаи ин ҳуқуқҳояш то лаҳзаи пеш омадани зарурат худдорӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол роҳбарони тозабақудратрасидаи Украина баргузории раъйпурсиро дар масъалаи ҳамроҳшавӣ ба Русия дар Қрим ғайриқонунӣ эълон карда, иброз доштаанд, ки намегузоранд як ваҷаб замин хоки Украинро кишвари дигаре аз худ кунад. Онҳо ҳатман натоиҷи раъйпурсиро қабул нахоҳанд кард.

Ва аммо Тоҷикистони мо дар қиболи ҳодисаҳои Украина то нахустин сафари расмии вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Федератсияи Русия дар ҳафтаи гузашта тарҷеҳ медод хомӯш бошад. Дар нишасти матбуотие, ки дар поёни ин сафар сурат гирифт, аз ҷумла ӯ бино ба хабари радиои "Озодӣ" изҳор дошт, ки "ба назари мо муҳим он аст, ки ҳаводиси дар Украина гузашт, дарк шуда ба он баҳои одилона дода шавад. Ҳамчунин набояд гузошт, ки мухолифатҳо ва муқобилиятҳои низомӣ сурат бигиранд". Дар ҳамин ҳол ҳамтои россиягии ӯ Сергей Лавров дар ҳамин нишасти матбуотӣ аз мавқеи муштараки ҷонибҳо чунин хабар дод:

"Мо дар он маврид бо ҳам мувофиқем, ки экстремистон ва миллатгароҳои радикалро дар Украина, ки вазъро боз ҳам печида мекунанд, дастгирӣ кардан мумкин нест. Ҳамчунин мо бар онем, ки тавофуқоти рӯзи 21-уми ферал барои ҳалли бӯҳрон дар ин кишвар бо роҳи бесилоҳгардонии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ташкили ҳукумати муросои миллӣ роҳро боз карда буд. Аммо мутаассифона бандҳои ин тавофуқот иҷро нашуданд".

Замоне, ки мо ин шумораи ҳафтаномаро ба чоп месупоридем, хабар расид, ки як донишҷӯи 22- солаи тоҷик дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Фозил Шарифов, падари Меъроҷ Шарифов ба хабарнигорон гуфтааст, ки писари ӯро шоми 28-уми феврал афроди ношинос дар кӯча бо зарби оҳан ба сараш ба қатл расондаанд.

Худо кунад, ки вазъ дар ин кишвари бо Тоҷикистони азизи мо бародар ҳарчи тезтар ба эътидол биёяду мардумаш боз дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву субот зиндагӣ кунанд.

Зеро Саъдии бузург гуфтааст:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi