03:55:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мушовири Карзай: "Терроризм ба Осиёи Миёна таҳдид мекунад"

Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон ба ин бовар аст, ки терроризм ҳанӯз ҳам кишварҳои Осиёи Миёнаро таҳдид мекунад.

osiyoimiyona-74564545

Рангин Додфар Спинто далели мавҷудияти ин таҳдидро набуди як сиёсати ҳамоҳанг ва амалӣ барои мубориза бо терроризм миёни кишварҳои Осиёи Миёна хонд. Оқои Спинто, ки рӯзи панҷшанбе дар нахустин Конфронси байналмилалии гуфтугӯҳои Афғонистон ва Осиёи Миёна дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфт, эҷоди ҳамоҳангии муштарак миёни ин кишварҳо метавонад сабаби рушди иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа гардад.

"Мутаассифона минтақа ҳанӯз ҳам дар маърази таҳдиди ҷиддии терроризм ва ифротиҳо қарор дорад, мо ҳама медонем, ки амнияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бидуни амнияти давомдор мумкин нахоҳад буд. Амалишавии амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Миёна гарави ҳамгироӣ дар минтақа аст. Ба бовари ман, як сиёсати маънидори минтақавӣ тақозо мекунад, то иқдомоти мо дар арсаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, транзитӣ, сармоягузорӣ, таъмини энержӣ, мубориза бо ҷароими созмонёфта ба шумули мубориза бо маводи мухаддир ҳамоҳанг ва ҳамсӯ гардида ва дар ниҳоят тавассути тасмимҳои ҷамъӣ ва гирифтани сиёсатҳои муносиб, иҷро гарданд."

Дар нахустин конфронси байналмилалии гуфтугӯҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ, намояндагони бист кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок кардаанд. Ин конфронс аз сӯи Маркази мутолеоти стратегии Афғонистон баргузор шуд ва масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки ҳадаф аз ин нишасти дурӯза, шинохти мутақобил, чигунагии мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.

Дар рӯзи нахустини ин конфронс, намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон суханронӣ карданд. Онҳо таъкид кардаанд, ки набудани амният ва парокандагӣ дар Афғонистон, метавонад ба кишварҳои Осиёи Миёна низ таъсироти манфӣ дар пай дошта бошад.

Масъулони баргузории ин конфронс мегӯянд, қарор аст, дувумин нишасти байналмилалии гуфтугӯҳои Афғонистон ва Осиёи Миёна пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, соли 2014 дар Қазоқистон баргузор шавад.

Ин конфронс дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран кишварҳои Осиёи Миёна ба хотири эҳтимоли таҳдидоти амниятӣ ва кашфи кӯкнор ва қочоқи маводи мухаддир пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар поёни соли 2014 аз Афғонистон, изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо мақомҳои ҳукумати Афғонистон ҳамвора итминон додаанд, ки тадобири лозимро барои таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар, рӯи даст доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi