19:31:48 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Луй-Ҷиргаи тақдирсоз баргузор мегардад

Бурҳон Салмонов, «Рӯзгор»

21 ноябри соли равон, дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Афғонистон - шаҳри Кобул, Луй- ҷирга (Маҷлиси машваратӣ) бо ширкати беш аз 3 ҳазор намояндагони бонуфузи қавму қабоили кишвар барпо мегардад. Коршиносон ин ҳамойиши қавмиро барои Афғонистон таърихӣ ва тақдирсоз унвон мекунанд, зеро он масъалаи сулҳу субот ва амнияти мамлакатро баъди хурӯҷи неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки соли оянда ба амал меояд, баррасӣ менамояд.

usa-afghan-7869565

Дар рӯзномаи Луй-ҷирга масъалаи асосӣ- тасдиқи Мувофиқатномаи ИМА ва Афғонистон ҷой дода шудааст, ки ба ин ҳуҷҷат сарони ҳар ду кишвар ду моҳ пеш дар Вашингтон имзо гузошта буданд. Оё ин ҳуҷҷатро сарони қавму қабоил қабул доранд ё не? Намояндагони Толибон ин Мувофиқатномаро хиёнати Ҳомид Карзай медонанд.

Аммо Амрико ба ояндаи Афғонистон некбин аст, вале аз замонати сулҳу субот ба мардуми Афғонистон худдорӣ менамояд. Назари кишварҳои ҳамсоя, бахусус Покистон ба сулҳи Афғонистон печидатар ва тира аст, зеро қартаи бозӣ дар дасти Толибони Вазиристони ин кишвар мебошад. Ҳомид Карзай масъалаи таъмини амнияти ояндаро ба тасмими навбатии Луй-ҷирга вогузор ва масъулиятро аз шонаҳои худ дур сохтанист.

УМЕДВОРИИ ҲОМИД КАРЗАЙ

Ҳафтаи гузашта дар Шӯрои машваратии ҳукумат масъалаи даъвати навбатии Луй-ҷирга мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин дар вазъест, ки соли 2014 аллакай дар мекӯбад ва неруҳои эътилофӣ мамлакатро хоҳ-нохоҳ тарк менамоянд. Ҷанг интиҳо наёфт, Ҳомид Карзай дар ду давраи раиси ҷумҳурӣ будан натавонист бо Толибон забон ёбад ва маҳз онҳо барои ҳукумати оянда муқовимати шадидро идома медиҳанд.

Ҳомид Карзай истинод ба Мувофиқатномаи сулҳ ба ояндаи босуботи кишвар умедворӣ дошта, бовар ба он аст, ки 3 ҳазор нафар намояндагони қавму қабоили мамлакат ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро ҷонибдорӣ хоҳанд намуд. Коршиносони хориҷӣ ва дохилии Афғонистон ин умедвориҳои Ҳомид Карзайро нақшеро бар об медонанд, зеро раиси ҷумҳур имзои мувофиқатномаро миёни Амрико ва Афғонистон бояд қаблан бо намояндагони бонуфузи қавмӣ баррасӣ мекард ва назари онҳо гирифта мешуд.

Тасдиқу қабули ин ҳуҷҷат ҳанӯз муаллақ буда, Ҳомид Карзай масъалаи амният ва сулҳу суботро ба дӯши Луй-ҷирга бор карданист. Луй-ҷирга маҷлиси машваратӣ буда, дар аксар ҳолатҳо салоҳияти лағви қонун ва ё тасдиқи онро надорад. Чунин вазоиф ба дӯши парлумони мамлакат аст, ки раиси ҷумҳур аз нақши он ин дафъа сарфи назар карданист. Ҳол касе чизе дар мавриди баргузории Луй-ҷиргаи навбатӣ гуфта наметавонад. Толибон даъвати Ҳомид Карзайро ҷиҳати ширкат дар ин маҷлиси машваратиро рад намуда, рӯзи 16 ноябр дар маҳалле, ки Луй-ҷирга баргузор мегардад, як амали террористиро ба амал оварда, 7 нафар шаҳрвандони бегуноҳро куштанд.

ДАЪВАТ АЗ ГУЛБУДДИН ҲИКМАТЁР

gulbiddin-45787878Чунин ба назар мерасад, ки раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай ба кумаку ёрмандиҳои яке аз шахсиятҳои рӯҳонӣ ва сиёсии кишвар Гулбуддини Ҳикматёр , ки ба қавле дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ниёз дошта, ширкати ӯро ҳамчун яке аз пешвоёни сиёсӣ зарур шумурдааст. Ҳикматёр роҳбари Ҳизби сиёсии исломии кишвар, яке аз мухолифони ҳузури хориҷиён дар Афғонистон мебошад ва ҳанӯз ҳам даъвои ҳукуматро дар сар мепарварад. Дар парлумони мамлакат ҷонибдорони ӯ кам нест, ҳаводоронаш на танҳо дар ҷануб, балки дар шимоли кишвар бештар буда, обрӯ ва нуфузи вай дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ба қавли коршиносон Гулбуддини Ҳикматёр дар ҳалли ҳама гуна масоил шахси хеле эҳтиёткор бошад ҳам, аммо дар созишкорӣ шахси боэътимод нест. Дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ вай ба манофеи муҷоҳиддин хиёнат карда, дар сар ҳавои Толибонро мепарварид. Аммо дид, ки толибон қасди ҷисман нобудсозии ӯро доранд, рӯ ба фирор ниҳод.

Аз замони барканорсозии Толибон ва ба сари қудрат омадани ҳукумати Ҳомид Карзай 12 сол сипарӣ шуда, шояд Гулбуддини Ҳикматёр дар ин ду даҳа аз рӯйи манфиатҷӯйӣ бо толибон наздикӣ пайдо карда бошад. Гулбуддини Ҳикматёр хостори ширкат дар Луй-ҷиргаро намудааст, ки ин хеле аҷиб аст.

БЕКТОШ: АФҒОНИСТОН АЗ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН РӮШАН АСТ

Вобаста ба баргузории Луй-ҷиргаи таърихӣ назари коршиносону сиёсатмадорони Афғонистон хеле дигаргуна аст. Вакили парлумони мамлакат Бектош ҳукумати Ҳомид Карзайро дар ҳалли таъмини амнияти сартосарӣ ноуҳдабаро медонад. Ба қавли вай, ду даҳае, ки мегузарад, агар ҳукумат ба ҳалли масоили иқтисодӣ хубтару беҳтар аҳамият медод, Афғонистон аз ҳар нигоҳ қомат меафрохт. Пайсаи хориҷӣ, ки миллиардҳо доллар ворид шуда буд, ба мардум нарасид.

Пружаҳои тавлидотӣ, саноатӣ сохта нашуд, бекорӣ афзуд ва фасод дар сатҳи поин ва боло рушд кард. Ин ба амнияти кишвар ва сулҳу субот хатар дорад. Амрико дар Афғонистон як қарн нахоҳад истод. Худи афғонҳо сарнавишти ояндаашонро бояд мушаххас созанд. Ягон Луй-ҷирга масъалаи фармоиширо ҳаллу фасл карда наметавонад. Ҳоло Афғонистон бо барқи Тоҷикистон рӯшан аст ва мо натавонистем дар ду даҳа ягон неругоҳи тавлидоти барқро бисозем, ки ин барои рӯзгори одамон ва устувории ҷомеъа хеле зарур мебошад,- иброз медорад вакил Бектош.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi