00:29:04 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Маҳдуд кардани фаъолияти Гулнора. Воқеият ё сенарие?

Дар Узбакистон боздошти ҳамкорони наздики Гулнора Каримова идома дорад. Гулнора мегӯяд, ки Рустам Мадумаров, яке аз ҳамкорони наздики вайро боздошт кардаанд.

gulnora-karimova-454545Мадумаров моҳи гузашта баъд аз он бедарак шуд, ки пулис дар амбори вай тафтиш анҷом дод. Ҳамзамон маҳали буду боши Фирдавс Абдухолиқов, раиси шабакаи телевизионии NTT ва ҳамкори наздики дигари Гулнора маълум нест. Таҳлилгарон мегӯянд, дар Узбакистон бар зидди Гулнора, духтари калонии Ислом Каримов маъракае ба роҳ андохтаанд ва дар ҷараёни он фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии муттааллиқ ба вайро мамнуъ эълон кардаанд.

Раҳбарони ин шабакаҳоро мавриди пурсиш қарор медиҳанд ва ё ба зиндон андохтаанд. Дар мусоҳибае бо Камолиддин Раббимов, таҳлилгари умури Узбакистон дар Фаронса пурсидем, ин ҳама боздоштҳову мамнуъ эълон кардани фаъолияти шабакаҳои Гулнора сенария аст ё заминаи воқеӣ дорад?

Раббимов: "Ман фикр мекунам, ки ҳар ду мавзӯъ воқеият дорад. То ҷое, ки мо медонем, ба ҳамаи фаъолиятҳои Гулнора Каримова расидагии ҳамаҷониба идома дорад. Ҳамаи муассисаҳои вай ва раҳбарони онҳо зери тафтиш қарор доранд ва онҳоро бозпурсӣ мекунанд. Дар ин самт ҳеҷ сохтакорӣ мушоҳида намешавад. Ҳоло Гулнора Каримова аз Твиттери худ ҳамаи низомро зери интиқод гирифтааст, низомеро ки Ислом Каримов, яъне падараш ҷорӣ кардааст. Ба хусус вай раҳбарони Хадамоти амният, пеш аз ҳама Рустам Иноятови муқтадирро муттаҳам мекунад.

Инро мо наметавонем сенария бигӯем. Мо то ҳол намедонем, ки ҳадафи ниҳоии Ислом Каримов чист? Ман тахмин мезанам, ки баъд аз боздид аз Аврупо аз Латвияву Украина, Беларус ва кишварҳои дигар Ислом Каримов аз миқёси воқеии фаъолиятҳои ҷанҷолбарангези Гулнора огаҳӣ пайдо кард, ба хусус дар Шветсияву Шветсария, Фаронса ва Латвия. Барои ҳамин ҳоло дороиҳои Гулнора ба ҳабс гирифта мешавад ва парвандае боз кардаанд, ки миқёси байналмиллалӣ дорад. Дар ҳама ҷо худи Гулнора имзо гузоштааст. Масалан, дар Фаронса дороии вай бештар аз садҳо миллион евроро ташкил медиҳад”.

-Пас ҳадафи чунин корҳо бар зидди Гулнора чист?

-Ман фикр мекунам, ки ҳоло Ислом Каримов ба ғазаб омадааст ва дастур додааст, ки дороии Гулнораро камтар кунанд. Вале ҳадафи ин дастур маълум нест. Шояд яке аз ин ҳадафҳо дур кардани Гулнора аз саҳнаи сиёсӣ ва маҳрум кардани вай аз ҳамаи имкониятҳо ва ҳадафҳои баландпарвозона бошад, яъне аз байн бурдани имкониятҳо ва захираҳои молии вай. Аз сӯи дигар, шояд мехоҳанд ба ин тартиб эътибори Гулнора Каримоваро дар кишвар боло бибаранд, зеро баъд аз ин боздоштҳо дар ҷомеа нисбат ба Гулнора навъе ҳамбастагӣ мушоҳида мешавад.

Гӯё вай аз режими саркӯбгари падараш ранҷ мебарад. Мо наметавонем аз ҳоло ба ҳамаи ин хулосаи ниҳоӣ диҳем. Дар миёнаи соли оянда масъала рӯшантар мешавад, чунки дар ин сол интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Агар Каримов худро номзад пешниҳод кунад, дар он сурат ин моҷароҳо ба маънои он аст, ки Каримов мехоҳад духтарашро муваққатан аз саҳнаи сисёсӣ дур кунад. Вале агар Гулнора худро номзад кунад, дар он сурат мешавад гуфт, ки ин моҷароҳо як навъ сенария аст ва барои боло бурдани эътибори Гулнора Каримова хидмат мекунад.

-Медонед, баъзе мақолаҳо ба нашр расидаанд ва гуфта мешавад, баъзе кишварҳои Аврупоӣ мумкин аст дороиҳои Гулнораро ба ҳабс бигиранд. Бо чунин моҷаро Каримов ва Иноятов мехоҳанд аз кишварҳои аврупоӣ пешдастӣ кунанд ва дороии Гулнораро ба Узбакистон баргардонанд. Магар чунин нест?

-Комилан имкон дорад, барои он ки коршиносони варзидаи Ғарб имкони ҳабси дороии чанд миллиард долларии диктаторони пешин Ҳуснӣ Муборак ва Муаммар Қаззофиро баррасӣ кардаанд. Масалан, додситони Миср дастур дода буд, ки Ҳуснӣ Муборак ва атрофиёни вайро ба ҳабс бигиранд, то бадин тартиб дороии вайро ҳифз кунанд, вагарна ин дороиҳоро аз даст медоданд. Чунин имкон вуҷуд дорад. Танҳо дар бонки фаронсавии “Ломбард Одиер” 600 миллион евро ҳисоби бонкии Гулнора баста шудааст, ки он тақрибан як миллиард долларро ташкил медиҳад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi