18:16:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Spiegel: "Амрико як даҳа гуфтугӯҳои Меркелро гӯш мекардааст"

Ҳафтаномаи олмонии "Spiegel" дар гузориши нави худ дар бораи ҷосусиҳои телефонӣ аз сӯи созмони амнияти Амрико мегӯяд, ИМА аз замони Ҷорҷ Буш дар соли 2002, телефони шахсии нахуствазири Олмонро дар феҳрист барои шунидан қарор додааст.

markel-obama-154852Ба навиштаи ин маҷалла, телефони Ангела Маркел то июни гузашта, ки Барак Обама аз Берлин-пойтахти Олмон дидор кард, дар феҳристи телефонҳо барои шунидан қарор дошта, дар натиҷа Созмони амнияти миллии Амрико тавонистааст ба муддати даҳ сол гуфтугӯҳои нахуствазири Олмонро гӯш намояд.

Ин гузориш мегӯяд, шунидани гуфтугӯҳои телефонии ин сиёсатмдори олирутбаи аврупоӣ, ҳатто пеш аз он, ки ӯ нахуствазири Олмон шавад, вуҷуд доштааст. Албатта ин ҳафтанома афзудааст, дар мавриди ин, ки назорати чи гуна анҷом мешудааст, иттиллооте дар даст нест.

Spiegel дар айни ҳол ба мадраке аз созмони амнияти миллӣ ишора мекунад, ки бар асоси он, ин созу кори амниятӣ, шохаи ҷосусие, ки қонунан ба сабт нарасида буд, дар сафорати Амрико дар Берлин дошта: мавзуе, ки "таҳдиде бузург барои равобити Амрико бо давлате дигар" унвон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир низ равобити Амрико ва ҳампаймонҳои аслии он кишвар дар қораи Аврупо бо таҳдид рӯбарӯ аст: рӯзҳои гузашта интишори гузоришҳои гуногун дар мавриди гӯш кардани гуфтугӯҳо дар Аврупо аз сӯи истихбороти Амрико, бо эътирозот ва вокунишҳои густардае дар ин қора рӯбарӯ будааст.

Ҷузиёяти гӯш кардани муколамаҳои телефонии аврупоиён дар ин гузориш мушаххас нест, аммо бархе аз онҳо ҳатто аз шунидани гуфтугӯҳои даҳҳо миллион фаронсавӣ хабар медиҳанд, ончӣ раиси ҷумҳури Амрико онро "таҳрифшуда" номидааст.

Дар айни ҳол раиси созмони амнияти дохилӣ ва хориҷии Олмон, олирутбатарин мақомҳои амниятии он кишвар, ҳафтаи оянда ба Вошингтон сафар мекунанд то таҳқиқот дар мавриди шунидани гуфтугӯҳои нахуствазири ин кишварро баррасӣ кунанд. Таҳқиқоте, ки раиси ҷумҳури Амрико пештар роҷеъ ба он ваъда дода буд. Барак Обама дар гуфтугӯи телефонии чанд рӯзи пеши худ бо хонум Меркел ба ӯ итминон дода буд, ки муколамаҳои телефониаш шунида нашудааст.

Ин гузоришҳо бар пояи санадҳое мунташир мешаванд, ки Эдвард Сновден, як корманди собиқи амниятии Амрико онро ошкор кард. Ӯ ҳамакнун дар Русия паноҳанда аст ва Амрико ӯро таҳти таъқиқи қазоӣ қарор додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi