00:59:37 15-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Диктаторҳо ва ситораҳо: Пул аз мо, ҷилва аз шумо

Даъвати ситораҳои рақами яки дунё ба ҷашнҳои давлативу хусусӣ барои тақрибан ҳамаи диктаторҳову ҳокимони худкомаи дунё ба як анъана табдил ёфта, ҳар ҳокими худхоҳ талош мекунад, ки ҷашни ӯву наздиконашро ҳатман ягон ситораи “number 1” "обод" кунад.

kadirov-vandam 545664Имрӯз мебинем, ки ситораҳои аввал аз ҳунарпешаҳои маъруфи Ҳолливуд то хонандаҳои року поп маъмулан ба хотири пул шуда дар маҳфилҳои хоса барои ҳокимони худкома ваё фарзандону набераҳои онҳо ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз тарафи дигар ин ҳокимон ба манзури намоиши миқёси қудрату нуфуз ва сарвати худ байни ҳамдигар як сабқати маҷозиеро гӯё ба роҳ андохтаанд, ки оё дар ҷашни кӣ ситораи хушномтаре намои ҳунар мекунад?

Фоидаҳои бузурге ки аз ширкат дар чунин маҳфилу шабнишинӣ ва тӯйҳои арӯсӣ ё ҳатто ҷашнҳои зодрӯз ба ҷайби ситораҳои аввал мерезад, боис шудааст, ки дигар онҳо ба табиати ин пулҳо таваҷҷӯҳ накунанд ва парво надоранд, ки оё кишваре ки онҳоро бо сарфи миллионҳо доллар ба зодрӯзи набераи раҳбари аввалаш даъват мекунад, оё то куҷо ҳуқуқи инсонро дар қаламраваш муроот мекунад ваё ин пулҳо оё натиҷаи зулму ситами кадом низоми мустабиде болои мардумаш нест?

Ин аст, ки имрӯз боздид аз Чеченистон бо даъвати раисиҷумҳури дастзӯри ин гӯшаи Русия Рамазон Қодиров ё рақсу бозиву таронахонӣ дар арӯсии набераи раисиҷумҳури умрбоди  Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои ситораҳо як амри маъмулӣ шудааст.

Рамазон Қодиров дар ин авохир ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд Жан-Клод Ван Дамм ва ҳунарпешаи  шӯҳратёру ба маҳзи қонуни нави андоз аз ватани худ қаҳркардаи фаронсавӣ Жерар Депардйеро дар Чеченистон “меҳмон” кард. Депардйе аз ин “меҳмоннавозӣ” чунон ба ваҷд омад, ки ҳатто ваъда дод, то дар бораи падари Рамазон Қодиров филм бигирад.

Депардйе ҳамин тавр, дар сари қаҳр аз қонуни молиёте ки дар Фаронса қабул карданд, розӣ шуд, ки аз дасти Владимир Путин ҳаққи шаҳрвандии Русияро бигирад.

Ҳамин тавр, рӯзи 31 август тӯйи арӯсии Ойсултон – набераи 23-солаи Нурсултон Назарбоев ва Олима Бӯронбоева – духтари 20-солаи раҳбари ширкати “ҚазРосГаз” – дар меҳмонсаройи “Royal Tulip”-и шаҳри Алма-Аторо ситораҳое, чун  Бейонсе ва Канйе Уэст аз Амрико, Мустафо Сандал аз Туркия, Вахтанг Кикабидзе аз Гурҷистон “обод” карданд. Шумори ситораҳои дар ин маросими арӯсӣ даъватшуда аз Русия - сар карда аз Максим Галкину Нона Гришаева ва рафта то Лев Лешенко ва Лолита - ба қавле, аслан ҳисоб надошт. Танҳо “ҳаққулзаҳма”-и Уэст, ки дар як толори алоҳида ва танҳо барои меҳмонони ҷавони ин арӯсӣ тарона хонд, 3 миллион доллар гуфта мешавад.

Намунаи дигар ситораи бритониёӣ Стинг соли 2009 дар Узбакистон барои духтари президент Гулнора Каримова консерт дод. Аммо Стинг дар соли 2011 аз додани консерт дар Қазоқистон ба нишони тарафдорӣ аз корпартоии коргарони ширкати нафти Жанаозен даст кашид.

Бейонсе соли 2009 дар маҳфили солинавӣ барои Мӯътасим Қаззофӣ, писари ҳокими ҳамакнун собиқи Либия тарона хонда буд.Ӯ имсол дар арӯсии набераи Назарбоев ширкат кард.Баъди он консерти соли 2009 ӯ эълон кард, ки 1 миллион долларро барои осебдидагони зилзилаи Ҳаитӣ хайр мекунад. Вале баъди ширкаташ дар тӯйи арӯсии набераи Назарбоев Бейонсе ҳанӯз ҷиҳати ба ягон кори хайри сарф кардани пули гирифтааш аз ҳокими худкомаи Қазоқистон сӯҳбат надодааст.

Овозхони амрикоӣ Мария Карей низ соли 2008 барои Қаззофӣ овоз хонда буд, вале баъд эътироф кард, ки  кори баде кардааст ва ваъда супурд, ки ҳамаи пули гирифтаашро сарфи корҳои хайрия хоҳад кард.

Овозхон ва ҳунарпешаи дигари маъруфи амрикоӣҶенифер Лопес 29 июни соли равон дар осоишгоҳи Овозаи Туркманистон барои раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таронаи "Happy Birthday"-ро иҷро кард. Ин кор ба интиқоди шадиди созмони Human Rights Watch дучор шуд, ки Бердимуҳаммадовро яке аз бадтарин ҳокимони худкомаи дунё эълон кардааст.

Бисёре аз ин ситораҳои “соддаву хушбовар” танҳо замоне изҳори пушаймонӣ мекунанд, ки ҳунарнамоияшон дар ҳузури ягон диктатор ё ҳокими худкома ба саҳафоти матбуот мерезад ва мавриди танқиду накӯҳиши саросарӣ қарор мегиранд. Баъзеи ин ситораҳо ҳатто дар зери оташи ин интиқодот маҷбур мешаванд, ба ягон сандуқи хайрия супурдани ҳама ё ҳадди ақал як қисми миллионҳо доллар ба ҷайбашон рехта аз ҳисоби “ҳотамӣ”-и ҳокимони мустабидро дар мазҳари омм ваъда кунанд.

Ҳунарпешаи амрикоӣ Ҳиларӣ Сванк, ки 5 октябри соли 2011 ҳамроҳ бо ситораҳое, чун Жан-Клод Ван Дамм ва Ванесса Мей дар ҷашни 35-солагии раисиҷумҳури худхоҳи Чеченистон Рамазон Қодиров дар Грозний ширкат дошт, дар пайи интиқодҳо изҳори пушаймонӣ кард ва гуфт, пулеро ки аз Қодиров гирифтааст, ба сандуқҳои хайрия медиҳад.

Вале ба муҷарради инки оташи ин интиқодҳо хомӯш шуд, хабари дар маҳфили боз як диктатори дигар рақс кардану тарона хондани ситораи дигаре расонаӣ мешавад. Ба қавли маъруф, пул бӯ намекунад ва то замоне ки ҳокимони мустабид аз ҳисоби сарвати аз ҷайби мардуми худ рӯёндаашон миллионҳо долларро “ҳотамона” ба сари ситораҳои аввали дунё мерезанд, ин ситораҳо ҳамчунон барои онҳо хоҳанд хонд.

 

  1. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бо Жан-Клод Ван Дамм дар зодрӯзи Қодиров дар Грозний. 5 октябри соли 2011.
  2. Навозандаи бритониёӣ Ванеасса-Мей низ ин ҷашни 35-солагии Қодировро "обод" мекард.
  3. Ҳунарпешаи амрикоӣ Ҳиларӣ Сванк дар зодрӯзи Рамазон Қодиров. Ӯ баъди интиқодҳо гуфт, ҳаққи гирифтааш аз ширкат дар ин маросимро ба сандуқҳои хайрия хоҳад супурд.
  4. Рамазон Қодиров ва ситораи футбол Диего Марадона дар расми ифтитоҳи варзишгоҳи ба номаи падараш Аҳмад Қодиров дар Грозний. 11 майи соли 2011.
  5. Путин ва ситораи Ҳолливуд Шарон Стоун дар Петербург. Декабри соли 2010.
  6. Путин ва ситораи Ҳолливуд Стивен Сигал
  7. Ҷенифер Лопес 29 июни соли 2013 Лопес дар осоишгоҳи Овозаи Туркманистон барои раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таронаи "Happy Birthday"-ро иҷро кард.
  8. Хонандаи попи Амрико Риҳана дар Боку. 22 сентябри соли 2012.
  9. Кайе Уэст рӯзи 31 август тӯйи арӯсии набераи Назарбоевро "обод" кард.
  10. Ситораи бритониёӣ Стинг соли 2009 дар Узбакистон барои духтари президент Гулнора Каримова  консерт дод. Аммо Стинг дар соли 2011 аз додани консерт дар Қазоқистон ба нишони тарафдорӣ аз корпартоии коргарони ширкати нафти Жанаозен даст кашид.
  11. Бейонсе соли 2009 дар маҳфили солинавӣ барои Муътасим Қаззофӣ, писари ҳокими ҳамакнун собиқи Либия тарона хонда буд.Ӯ имсол адр арӯсии набераи Назарбоев ширкат кард.Баъди он консерти соли 2009 ӯ эълон кард, ки 1 миллион долларро барои осебдидагони зилзилаи Ҳаитӣ хайр мекунад.
  12. Овозхони амрикоӣ Мария Карей низ соли 2008 барои Қаззофӣ овоз хонда буд, вале баъд эътироф кард, ки  кори баде кардааст ва ваъда супурд, ки ҳамаи пули гирифтаашро сарфи корҳои хайрия хоҳад кард. 

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi