17:44:06 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Талошҳои нав барои суқути низоми Асад дар Сурия

Таснифи Бобоҷони Шафеъ

Дар аввалин ҳафтаи пирӯзии нерӯҳои давлатӣ дар дуввумин калонтарин шаҳри кишвар Алепо, ҳомиёни мухолифини мусаллаҳи давлати ин кишвар низ ба ҷунбиш омаданд. Конгресси Амрико лоиҳаи қаблан манъшудаи кӯмаки низомӣ ба мухолифони Асадро дубора баррасӣ кард ва иҷоза дод.

bashar-asad-suqut-2013Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, Конгресси ИМА ба интиқоли силоҳ ба мухолифони давлати Сурия иҷозат дод. Ҳарчанд ҳафтае пеш аз ин пешниҳоди Обама дар ин замина аз ҷониби Конгресс ба далели номӯътамадии далоили пешниҳодшуда рад гардида буд, вале билохира Кохи Сафед вакилони мардумиро мутақоид сохт, ки дар ин марҳила бояд ба мухолифони Башор Асад кӯмак намуд.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои давлатии Сурия ба пешрафтҳои азим даст ёфтанд ва дар шаҳри Алепо, ки гуфта мешавад пойгоҳи аслии мухолифони давлат аст, идораи бахши бузурги қаламрави онро ба даст гирифтанд. Аз сӯи дигар шикасти рӯҳия миёни мухолифон ба мушоҳида расид ва садҳо тан баъди эълони қонуни нави авф силоҳ ба замин гузоштанд ва ё ба нерӯҳои давлатӣ пайвастанд. Шикасти рӯҳия аз амалкардҳои сарварони мухолифин будааст, ки тарҳи воҳиди барандозии низоми Асадро надоранд ва бештар вақт онҳоро хориҷиён идора мекунанд. 

Намояндагони Конгресси Амрико дар оғоз мегуфтанд, ки Кохи Сафед тарҳи истифодаи силоҳ аз ҷониби мухолифонро дар даст надорад ва эҳтимолияти он низ зиёд аст, ки силоҳҳои амрикоӣ ба дасти нерӯҳои террористӣ афтанд ва ин кори мубориза бо терроризмро ба маротиб дучанд кунад. "Ман зидди онам, ки ИМА ба ҷанги шаҳрвандии Сурия кашида шудааст, ман зидди интиқоли силоҳ ба шӯришчиёни исломии ҳукумати ин кишварам ва гузашта аз ин ман зидди онам, ки ин иқдом бидуни ба даст овардани ризояти мардуми Амрико аз тариқи намояндагони онҳо дар Конгресс амалӣ мешавад", - гуфта буд конгрессмен Рэнд Пол.

Он замон намояндагони парламон аз он дар бим буданд, ки ширкати Амрико дар ин бӯҳрон на ба манфиати кишвар ва на фоидаи халқи Сурия аст. Замоне Амрико баъди ҳамлаи террористӣ ба сафораташ дар Либия ва кушта шудани сафираш Крис Стивен дар ин кишвар ногузир шуда буд дар ҷанги дохилии он дахолати мустақим кунад. Аммо вазъ дар Сурия ба гунаи дигар аст.

Аз сӯи дигар ин далели Обамаро мантиқитар ёфтанд, ки мегуфт, дахолати мустақим метавонад  ҳар моҳ ба буҷаи давлат миллиардҳо доллар зарар орад. Аз ин рӯ тақвияти мухолифони давлат аз ворид сохтани сарбозону нерӯи дигари  техникӣ беҳтар мебошад. Чуноне ин корро дар Афғонистону Ироқ кард. Ва ҳоло ҳарчанд рӯирост изҳори назар намекунанд, вале дар Афғонистон ба халосгар зор шудаанд.

То поёни мӯҳлати расман эълоншудаи хуруҷи нерӯҳо каме бештар аз як сол мондааст, вале талафоти низомии Амрико ва муттаҳидонаш назар ба солҳои пеш рӯ ба афзоиш овардааст. Аз сӯи дигар аъзои кумитаи кашфи Конгресс танҳо ба он шарт розӣ шуданд даст аз мухолифат бардоранд, ки агар маъмурияти Обама онҳоро аз ҷараёни татбиқи лоиҳаи ироашуда пайваста хабар диҳад.   

"Мо бар ин назарем, ки маъмурияти Кохи Сафед метавонад ба пеш ҳаракат кунад (дар таъмини силоҳ ба мухолифини Асад). Аммо нуктаи муҳим он аст, ки чун пештара шубҳаи мо аз ин тарҳ бартараф нашудааст"-гуфт сарвари кумитаи кашф Майк Родҷерс. 

Шубаҳоти як генерали амрикоӣ

Аммо баҳси иҷозати интиқоли силоҳ як баҳси басо гарм дар Сенати Амрико тайи як моҳи охир буд. Пеш аз он ки ба варақаи иҷозат мӯҳри Конгресс зада шавад, вакилон бурду бохт аз ин дахолатро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор доданд. Сарвари кумитаҳои муттаҳидаи ситодҳои нерӯҳои мусаллҳаи ИМА Мартин Дэмпси, ки худ як шахсияти таъсиргузор дар иқдомоти низомии ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад, дар посух ба пурсиши конгресменҳои амрикоӣ мегуфт таъсиси минтақаи буферӣ  дар имтидоди марзи Сурия барои ҳимояи мухолифони давлат метавонад зояндаи пойгоҳҳои эктремистӣ дар минтақа гардад ва ин вазъро бӯҳронитар аз қабл кунад.

Вай мегуфт ҳарчанд ин монанд ба ҳамон иқдоми амалишудаи минтақаи озод аз парвоз дар Либия мебошад, вале ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба минтақа талафоти бузургеро ба дунбол хоҳад дошт. Ба маънии дигар генерали амрикоӣ бартарияти нерӯҳои давлатиро бо вуҷуди кӯмакҳои амрикоиву аврупоӣ ва арабӣ ба мухолифон қавӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд баъид аст, ки минтақаи буферӣ ва фазои холӣ аз парвоз дар Сурия пуртаъсир бошад. "Минтақа метавонад ба тамаркузи нерӯҳои экстремистӣ мусоидат кунад, ки дарди сарҳои дигаре дар ояндаи наздик эҷод хоҳад кард", - мегӯяд ӯ ва илова мекунад: -Ҳазорҳо сарбозони хушкигард лозиманд, ки чун сипар ба ин муқовимат карда тавонанд. Садҳо ҳавопаймо лозим аст, нерӯҳои аксулҷосусии ҳарбӣ бояд вориди амал шаванд, воситаҳои электронии мубориза ба кор андохта шаванд.

Дар оғози кор метавонад ин 500 миллион доллар ҳазина дошта бошад, аммо дар ҷараёни роҳандозии амалиётҳо ба ҳисоби миёна аз буҷаи Амрико бояд миллиард доллар ҳар моҳ масраф шавад. Аз сӯи дигар ҷилавгирӣ аз хушунат ва қатлу террор номумкин мегардад".

Ин генерали соҳбтаҷриба ҳамчунин изҳори шубҳа мекунад, ки амрикоиҳо нахоҳанд тавонист силоҳҳои химиявии Сурияро ба даст оранд ва онро ҳифозат кунанд. Вале Дэмпсӣ ҳамзамон дар посух ба номаи намояндагони Конгресс изҳор дошт, ки "ҳарбиён тарҳи дахолати мустақими низомиро баъид намедонанд ва онро ҳоло омода ҳам кардаанд, ки дар сурати зарурат метавонанд роҳандозӣ кунанд.

"Яхонтҳо"-и русӣ ва ҳамлаҳои исроилӣ

Вале то ба имрӯз коршиносони ҳарбӣ ҳамеша ба дахолати мустақими ҳарбии ИМА дар умури Сурия назари манфӣ доштаанд ва онро самаровар намедонанд. Ҳарчанд дар ягон гӯшаи даргири олам, ки Вашингтон ё қудрати минтақавию ҷаҳонӣ дахолат кардааст, ин дахолат самаровар набудааст. Гирем бо ҳамон Ироқу Афғонистонро.

Ба гуфтаи коршиноси Маркази амнияти байналмилалии Академияи илмҳои Русия Владимир Сотников: "Ин амлиёт барои Вашингтон сермасрафтарин ва гаронтарин хоҳад буд. Ҳатто гаронтар аз ширкати амрикоиоҳо дар амалиётҳои Либия ва ҳатто Афғонистону Ироқ мебошад. Ва ман гумон намекунам андозсупорандагони амрикоӣ омодаанд ин амалиёт ва ин дахолатро маблағгузорӣ кунанд".  

Аммо ба назар мерасад нуктаи дигар дар ин талошҳо дахолати давлати яҳудӣ аст. Аввали моҳи июл ин кишвар ба манзури маҳви мушакҳои русии "Яхонт" ба пойгоҳи низомии Латакия ҳамла бурд ва теъдоди муҳими ин мушакҳоро нобуд сохт. Вале он замон натавониста буд онҳоро куллан аз байн барад. Аз ин рӯ ҳоло Исроил омода аст барои анҷоми тарҳи кашидаи худ як ҳамлаи шадиди дигарро роҳандозӣ кунад, ҳарчанд мушкил аст бовар кард, ки ин бор Тел-Авив ба ин муваффақ мегардад. Дар ин бора 1 августи соли равон рӯзномаи амрикоии The New York Times истинодан ба манобеъи иктишофии ИМА навишта буд. Ин нашрия навиштааст, ки баъди ҳамла давлати Сурия чунон вонамуд, сохт, ки гӯё кулли "Яхонтҳо" аз байн бурда шудаанд, вале дар асл чунин набуд. Рӯзнома ҳамчунин навишт, ки исроилиҳо бидуни ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Сурия аз соҳили баҳр пойгоҳи ёдшударо мавриди ҳамла қарор додаанд.  

Қалъаи Брести Русия

Дар сӯҳбате дар барномаи "Андешаи хос"-и "Эхо Масква" Александр Прохонов, сиёсатшинос, публистист, нависандаи шинохтаи рус ва сардабири нашрияи "Завтра" гуфта буд, ки Сурия-ин қалъаи Брест барои Русия аст ва агар он суқут кунад, манфиатҳои миллии кишвар дар минтақа аз даст хоҳанд рафт. "Сиёсат ин бозии шаҳмот аст ва дар ин бозӣ касе пирӯз меояд, ки ҳаракати ҳарифро аз қабл мебинад ва эҳсос мекунад. Маҳз арзёбии дуруст ба раванди ҳодисоти ҷаҳонӣ муҷиби пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ ба манфиатҳои ҳаётии кишварҳост.

Ва гар мо бар ин назар бошем, ки Вашингтон ва Лондон ба рушди озодиву демократия дар ҷаҳон манфиатдоранду дигар ба ҳеҷ, пас мо иштибоҳ мекунем ва бозиро мебозем. Вале агар мо ба дарки ин нукта расем, ки ИМА ва Британияи Кабир кишварҳо ва режимҳои ҳоким дар Ховари Миёнаро танҳо ба ин хотир мешикананд, аз байн мебаранд, ки заминаҳоро барои ҷанги ояндаи ҷаҳонӣ муҳайё созанд, мо метавонем ба онҳо халал расонем".

"Бояд акнун таваҷҷӯҳро ба нуктаи дигар мутамарказ кард. Ба он ки нерӯҳои давлатӣ мухолифони худро аз Алепо берун андохтаанд ва назорати дуввумин шаҳри калонтарини Сурияро ба даст гирифтаанд. Ин хеле муҳим аст. Ва дар назар бояд гирифт, ки киштиҳои ҳарбии Чин шояд аллакай ба бандарҳои Сурия расидаанд ва киштиҳои ҳарбии Русия низ маъмуранд ба ҳамон самт ҳаракат кунанд. Ва ин ба он маъност, ки Чин ва Русия дар ин иқдом бо ҳамоҳангӣ амал мекунанд.

Зеро ин ду кишвар дарк кардаанд, ки аз байн рафтани Сурия ин ҳамла ба Эронро ба дунбол дорад. Ва баъди он дар таҷовуз ба қаламрав марҳилаи дигар оғоз мегардад. Яъне, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳи Амрикову Британия қарор мегиранд ва онҳо бидуни мамониат ба Тоҷикистону Ӯзбекистон  ва Қазоқистон ворид мегарданд ва ин вилоятҳои мусалмонннишини Чинро зери хатар хоҳад гузошт. Ва Маскаву Пекин хуб ҳам медонанд, ки мубориза барои Сурия ин мубориза барои Чин ва Русия аст",- мегӯяд таҳлилагри шинохта.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi