01:44:54 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЛАБИ ДАРЁИ ОМӮ…

Расо 20 сол муқаддам дар ҳамин рӯзҳои сарди хазонрез дар ҷануби кишвар, дар лаби дарёи Омӯ фоҷиае рух дод, ки амсолашро таърихи миллати ҷафокашидаи тоҷик надида буд. Бар асари ҷанги таҳмилӣ як иддаъ аз ҳамватанони мо ба хотири дифоъ аз ҷони худу ҷони фарзандону наздикони худ ба умеди ҳимоя аз ҷониби марзбонони рус вориди минтақаи симхорпечи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон шуданд. Ҷои ақибнишинии дигар намонда буд. Ҷайҳуне, ки замоне Хинги шоҳаншоҳи Бухороро то миён меомад, акнун маъюсу хомӯш миёни маргу зиндагӣ равон буд. Хомӯшиву оромии қабл аз тӯфонро дошт. Гӯё ҳодисаи мудҳишеро интизор буд. Ва… фоҷиа сар зад…

/images/stories/2012/12/10_111ivlevayorke1.jpg… Вале Ҷайҳун низ, ки асрҳои аср дар имтидоди садҳо фарсанг маҷрои худ ба дашту биёбонҳои мурда ҷон ато карда меомад, имрӯз наметавонист садди роҳи қатлу кушторе бигардад, ки як иддаъ инсонҳо барои аз байн бурдани инсонҳои дигар ба роҳ монда буданд. Дарё низ ҳамчун Хирад пеши Ҷаҳл оҷиз монда буд.

Не, дар баҳо додан ба Ҷайҳун метарсам, ки иштибоҳ кардам, ба беадолатие роҳ додам. Охир, он замон агар Омӯ ба инсон иҷозаи аз соҳили Марг ба соҳили Зиндагӣ убур карданро намедод, шояд теъдоди кушташудагон ба садҳо ҳазор нафар мерасид. Ҷайҳун барои як қисми  дигари инсонҳо аз дили худ ба олами охират роҳ кушод, то ин ҷаҳони фониро ба умеди дарёфти осоишу оромиши абадӣ тарк бигӯянд.

/images/stories/2012/12/10_222ivlevayorke2.jpgОре, он айём Ҷайҳун дидаи пурхун ва қалби маҳзун дошт. Вале дар таҳаммули ин мусибат танҳо набуд. Инсонҳое низ буданд, ки лаби дарёи Омӯ ҷайҳунсифат тӯфони ҳаводиси муфоҷоро аз дарёи дили хеш гузарониданд. Камина он замон якҷо бо аҳли хонаводаам дар лаби дарё  будаму он рӯзи маҳшарро бо чашми сар дидам. Шукри Худованди бузург азҷумлаи  ҳамон шаст ҳазор баиқболтарин инсонҳое будам, ки ба соҳили амн, ба Давлати Исломии Афғонистон ҷон ба саломат бурданд. Банда даъвои шоирӣ надорам.

Вале гоҳо мешавад, ки эҳсосотамро доир ба ин ва ё он ҳодиса ба риштаи назм мекашам. Силсилаи дубайтиҳои «Лаби дарёи Омӯ…» инъикоси эҳсосоти қалбии банда ба ин фоҷиа ҳаст, ки ҳамон шабу рӯзҳои сиёҳи миллат эҷод шудааст. Намунаеро аз ин силсила ба хотири ёдбуди шуҳадои ҷанги таҳмилӣ пешкаши хонандагони арҷманд менамоем. Бигузор он чашми ибратбини моро ҳамеша боз нигаҳ дорад.

Лаби дарёи Омӯ

Лаби дарёи Омӯ дар наистон

Расид оташ, фиғоне шуд хурӯшон.

Шикоят аз ҷудоиҳо баромад,

Ҳикоят аз азиятҳои инсон.

Лаби дарёи Омӯ вой аз ной,

Биёмезад ҳаме бо нолаву ҳой.

Ба гӯшам мерасад танҳо садое:

«Ватан вою, ватан вою, ватан вой!».

Лаби дарёи Омӯ зор гирям,

Зи дасти додари беор гирям.

Маро аз хоки  аҷдодӣ ҷудо кард,

Кунун ӯ лухтаки ағёр гирям.

Лаби дарёи Омӯ марги тоҷик,

Намеёбад кафан тармарги тоҷик.

Дарахти ваҳдати ӯ решакан шуд,

Хазон омад ба шоху барги тоҷик.

Лаби дарёи Омӯ киштаҳо ку?

Ба рӯи об ҷисми куштаҳо ку?

Сари ҳар як ваҷаб шуд гӯри тоҷик,

Биёбону наистон, пуштаҳо ку?

Лаби дарёи Омӯ тифли навзод,

Ба сина тир хӯрда, мезанад дод.

Ба ҷои  шир аз пистони модар,

Хӯрад хун, эй Худо, имдод, имдод!

Лаби дарёи Омӯ, оҳи модар,

Ғариқи об шамсу моҳи модар.

Ба гирдаш канда гӯри тифлаконаш,

Сари ҳар як қадам шуд чоҳи модар.

Лаби дарёи Омӯ киштии Нӯҳ,

Ҳамегардид ғарқ аз бори андӯҳ.

Аламҳояш ба ҷонам ончунон аст,

Агар гӯям чакад хун аз дили кӯҳ.

Лаби дарёи Омӯ хунчакида,

Ҳазорон пиру кӯдак сарбурида.

Чунин куштору қатле шуд, ки дар даҳр

Ягон Чингизу Гитлераш надида.

Лаби дарёи Омӯ қатли ом аст,

Зи дуди тири кофар рӯз шом аст.

Чу кабке дар қафас бошад  мусулмон,

Ба гирдогирдаш аз симхор дом аст.

Лаби дарёи Омӯ дар шаби тор,

Мусулмон  кушта шуд бо дасти куффор.

Бувад як ҷисми беҷонаш ба дарё,

Авезон аст дигар рӯи симхор.

Лаби дарёи Омӯ нола дорем,

Фиғон аз марги мому хола дорем.

Ба ҷуз борону барф аз тири душман,

Ба болои сари худ ҷола дорем.

Лаби дарёи Омӯ об сард аст,

Ватангумкардаро бин чеҳра зард аст.

Куҷо бе тӯша битвонад қадам зад,

Ба кулвораш фақат андӯҳу дард аст.

Лаби дарёи Омӯ лоларанг аст,

Бародарро бубин бо мо ба ҷанг аст.

Фиғон хоҳам задан аз ҷон, валекин

Нафас андар гулӯ танг аст, танг аст.

Лаби дарёи Омӯ сангу хок аст,

Зи ғам моро ҷигар чок аст, чок аст.

Надорам аз Ватан ҳаргиз шикоят,

Дилам оинасон пок аст, пок аст.

Лаби дарёи Омӯ мору каҷдум

Тараҳҳум доштӣ бар ҳоли мардум.

Вале морону каҷдумҳои дупо,

Задӣ нешу бибурдӣ моли мардум.

Лаби дарёи Омӯ, модари ҷон,

Ватан аз даст додам зору нолон.

Дуъоям кун, ки баргардам аз ин роҳ

Ба мисли ҳазрати Юсуф ба Канъон.

Лаби дарёи Омӯ дод гӯям,

Зи ҷаври ин фалак фарёд гӯям.

Зи дасти душманони бемурувват,

«Ватан вою ватан барбод!» - гӯям.

Лаби дарёи Омӯ арғувонӣ,

Зи хуни тоҷики пиру ҷавоне.

Ба рӯи оби дарё куштаро бин,

Равоневу равоневу равоне.

Лаби дарёи Омӯ, эй азизон,

Сияҳ шуд рӯзи рӯшан бар мусулмон.

Ба дуди тиру борут аз яке сӯ,

Зи дигар сӯ ба дуди оҳу афғон.

Лаби дарёи Омӯ бин кафан хун,

Гиёҳу сабзаю дашту даман хун.

Замин хуну замон хуну ҷаҳон хун,

Ватан хуну дили ман аз  Ватан хун.

Лаби дарёи Омӯ сабза сурх аст,

Дами ханҷар, ғилофи найза сурх аст.

Аҷалро бо ҳазорон  ишва бингар,

Қабо сурх асту  дасту панҷа сурх аст!

Лаби дарёи Омӯ, эй азизон,

Мусулмон дар қафас бо макри шайтон.

Ба рӯи ҷонамозаш ҷон супурда,

Худо ҷояш диҳад дар бурҷи Ризвон!

Лаби дарёи Омӯ хоҳарам зор

Ки мегиряд зи марги додарам зор.

Парешонмӯ ҳаросон, рӯхарошон,

Хурӯшон модари мушти парам зор.

Лаби дарёи Омӯ чун гурезам,

Ба ҳоли зору захмию маризам.

Агар ғарқам кунад гирдоби Омӯ

Аз он беҳ, к - обрӯямро бирезам!

Лаби дарёи Омӯ нони гандум,

Надида рӯзу ҳафта ҷумла мардум.

Вакилони халоиқкуш валекин,

Талаб доранд мансаб з-аҳли анҷум.

Лаби дарёи Омӯ Карбало шуд,

Ҳусайни нозанин аз мо ҷудо шуд.

Зи дасти он язидони назартанг,

Дувоздаҳ аз раҷаб рӯзи азо шуд.

Лаби дарёи Омӯ гоҳвора,

Зи дасти тири душман пора – пора.

Ба ҳоли модари зораш шавад об,

Дилат бошад агар чун санги хора.

Лаби дарёи Омӯ қатли ом аст,

Ту гуфтӣ тири душман нотамом аст

Замоне гар зи  дарё моҳӣ бигрифт,

Бубин ӯро, ки моҳиро ба ком аст.

Лаби дарёи Омӯ реза- реза,

Бародар куштаву хоҳар гуреза.

Падар ғарқида дар гирдоби Омӯ,

Худоҷон хоки душманро бибеза.

Лаби дарёи Омӯ, декабри 1992



Шарҳҳо   

 
+6 #2 AmirGuest 10.12.2013 02:29
Салом бародарон!
Ман худ яке аз он шахсоне мебошам ки ин хама бедодгарихоро бо чаши худ дар лаби дареи Ому дид ва аз сар гузаронд.
Ба шоир офарин!!! ...вале бигузор ...
Худованд ин рузро дар сари ягон инсон наорад!
 
 
+6 #1 RE: ЛАБИ ДАРЁИ ОМӮ…Guest 09.11.2013 02:20
Салом. Дар гузашта мисраи дуюми дубайтии каблазохир (перед последный) чунин буд: ЗИ ДУДИ ОХИ ТОЧИК РУЗ ШОМ АСТ. Ва мисраи чорум чунин: БУБИН, АКНУН, КИ МОХИРО БА КОМ АСТ... Хамон хел мемонд бехтар буд ва низ пурбортару муассиртар. Тахрири нав асли хадафро аз дубайти рабудааст
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi