00:04:17 07-уми Июли 2026 сол

Натиҷаи бозиҳои даври 1/8 ниҳоӣ Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026

Даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо ду бозии аввал дар Хюстон ва Филаделфия оғоз ёфт. Марокаш ва Фаронса пирӯзӣ ба даст оварда, ба чорякфинал роҳ ёфтанд.

chep cup 26 65541245

Канада 0:3 Марокаш (Хюстон)

Дастаи Марокаш дар Варзишгоҳи "NRG"-и Хюстон бар Канада пирӯзии устувор ба даст овард ва аввалин дастае гардид, ки ба чорякфинал роҳ ёфт. Нимаи аввал бо бозии пуршиддат ва муборизаҳои зиёд гузашт. Канада дар дақиқаҳои аввал фишори шадид овард ва чанд маротиба дарвозаи Марокашро таҳдид кард, аммо Яссин Буну дарвозабони мароккашӣ дастаи худро наҷот дод. Марокаш дар ин давра пассив буд ва ҳатто бозигари калидии худ Исмоил Сайбариро ба далели маҷрӯҳӣ аз даст дод.

Дар нимаи дуюм, Марокаш тамоман дигар шуд. Онҳо бо истифода аз ду ҳамлаи зудрас ва як зарбаи ҷарима се гол заданд . Марокаш дар ин бозӣ танҳо 4 зарба ба сӯи дарвоза зад, ки 3-тояшон гол шуданд – ин нишондиҳандаи баландтарини самаранокӣ дар ин Чемпионат аст.

Парагвай 0:1 Фаронса (Филаделфия)

Дастаи Фаронса дар Варзишгоҳи "Линколн Файненшел Филд"-и Филаделфия бар Парагвай пирӯзии минималӣ ба даст овард. Парагвай, ки пештар Олмонро аз мусобиқа хориҷ карда буд, аз дақиқаи аввал бо бозии дағал ва бераҳмона кӯшиш мекард, ки ҳамлаҳои Фаронсаро боздорад. Ин бозӣ ба ҷои футбол бештар ба як "набард" монанд буд, ки ҳакам аз Узбекистон Илгиз Танташев онро бад идора кард. Парагвай дар тамоми бозӣ ҳатто як корти зард нагирифт, дар ҳоле ки Фаронса се корти зард гирифт.

Коршиносон ва бозигарон аз судии Илгиз Танташев норозӣ буданд. Матиас Галарса, бозигари Парагвай, дар ин бозӣ якчанд маротиба даст ба ҳаракатҳои дағал зада бо Мбаппе муноқиша кард, аммо ҳеҷ гоҳ ҷазо нагирифт. Мураббии Фаронса Дидие Дешам низ изҳор дошт, ки ин бозӣ бештар ба "набард ё реслинг" монанд буд, на футбол.

Чорякфинал: Фаронса – Марокаш

Фаронса ба дастаи Марокаш қувваозмоӣ мекунад. Ин бозӣ 9 июл дар Бостон (ИМА) баргузор хоҳад шуд. Ин ду даста қаблан дар нимфинали Ҷоми ҷаҳон-2022 ба ҳам бозӣ карда буданд, ки он замон Фаронса бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Марокаш имсол барои интиқом омода аст.

Рӯзгор

Назари Шумо

Security code
навсозӣ