Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (3-4 июл)
Дар шаби 3 ба 4 июл 3 бозии дигари даври 1/16 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор гардид. Миср дар силсилаи пеналтӣ Австралияро шикаст дод, Аргентина бо душворӣ Кабо-Вердеро маглуб кард ва Колумбия пирӯзии устувор ба даст овард.

Ҳисоби ниҳоӣ: 1:1 (Миср 4:2 дар пеналтӣ)
Бозӣ бо ҳисоби мусовӣ дар вақти асосӣ ва иловагӣ ба анҷом расид ва сарнавишт дар силсилаи пеналтӣ муайян шуд, ки дар он Миср дақиқтар буд ва ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ҳисоби ниҳоӣ: Аргентина – Кабо-Верде 3:2 (вақти иловагӣ)
Аргентина дар бозии душвор бо Кабо-Верде, ки бори аввал дар Чемпионат ширкат мекард, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Кабо-Верде дар нимаи дуюм ва вақти иловагӣ ду маротиба ҳисобро баробар кард, аммо голи ба худ дар дақиқаи 111-ум пирӯзиро ба Аргентина ҳадя кард.
Ҳисоби ниҳоӣ: 1:0 Колумбия – Гана
Дастаи Колумбия бо ҳисоби 1:0 бар Гана пирӯз шуд ва ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт. Ягона голи бозиро дар дақиқаи 14-ум Ҷон Арьяс ба сабт расонд.
Ҷадвали дастаҳое, ки ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфтаанд (то 4 июл)
1. Канада мағлуб кард Африқои Ҷанубиро (1:0)
2. Бразилия мағлуб кард Ҷопонро (2:1)
3. Парагвай мағлуб кард Олмонро (4:3 пен.)
4. Марокаш мағлуб кард Нидерландро (3:2 пен.)
5. Норвегия мағлуб кард Кот-д'Ивуарро (2:1)
6. Фаронса мағлуб кард Шветсияро (1:0)
7. Мексика мағлуб кард Эквадорро (2:0)
8. Англия мағлуб кард Ҷумҳурии Демократии Конгоро (2:1)
9. Белгия мағлуб кард Сенегалро (3:2)
10. ИМА мағлуб кард Босния ва Ҳерсеговинаро (2:0)
11. Испания мағлуб кард Австрияро (3:0)
12. Португалия мағлуб кард Хорватияро (2:1)
13. Швейтсария мағлуб кард Алҷазоирро (2:0)
14. Миср мағлуб кард Австралияро (4:2 пен.)
15. Аргентина мағлуб кард Кабо-Вердеро (3:2)
16. Колумбия мағлуб кард Ганаро (1:0)
Даври 1/8 ниҳоӣ (Round of 16) – Ҷадвали бозиҳо
5 июл Марокаш – Канада
5 июл Бразилия – Парагвай
6 июл Норвегия – Англия
6 июл Фаронса – Мексика
7 июл Белгия – ИМА
7 июл Испания – Португалия
8 июл Швейтсария – Колумбия
8 июл Аргентина – Миср
Бо мо бошед!
"Рузгор"
















