"Пахши барномаҳои К+ ба Хадамоти алоқа иртиботе надорад"
Масъулони хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, пахши барномаҳои шабакаи телевизионии К+ ба ин ниҳод рабте надорад. Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 31 июл гуфт, ки "фаъолияти шабакаи телевзиони К+ ба Хадамот дахл надорад ва иҷозатномаи пахши барномаҳои ин шабака тавассути Кумитаи радио ва телевизион дода мешавад".
Ба ин далел хонум Холмуродова таъкид кард, ки танҳо Кумитаи радио телевизиони Тоҷикистон метавонад дар маврид пахши барномаҳои телевизионии К+ тавзеҳот бидиҳад. Аммо ба таъкиди Татяна Холмуродова, дар нимсолаи аввал нисбати фаъолияти басомадҳои ғайриқонунӣ 12 санҷиш дар қаламрави Тоҷикистон анҷом шудааст, ки 11 мавриди он дар шаҳри Душанбе ва 1 маврид дар ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифтааст. Вай гуфт, ки аз ҳисоби санҷишҳо дар ин замина маболиғе ба будҷа ворид гардидааст.
Ҳамзамон хонум Холмуродова гуфт, ки аз сӯи Хадамоти алоқа ба субекҳои хоҷагидорӣ 281 иҷозатнома дода шудааст, ки 253 адади он ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ , Суғд - 18 ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон 1-тоӣ рабт мегирад.
Почта фаъол аст
Татяна Холмуродова дар мавриди фаъолияти почта дар қаламрави Тоҷикистон гуфт, ки то кунун 555 адад алоқаи почта фаъолият мекунад ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 2, 5 миллион сомонӣ хизмат расонида шуд. Ҳамчунин ба таъкиди Холмуродова, дар ин муддат ҳаҷми муросилоти байналмилалии почта ва ба хусус воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб афзоиш пайдо кардааст.
«Озодӣ»