19:44:46 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Раиси ҷамъияти тоҷиконро дар ғоратгарӣ гумонбар мехонанд

Раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Перми Русия Сайфуддин Одинаев бо иттиҳоми даст доштан дар ғоратгарӣ боздошт шуд.

tojiki-sss2a222Ба иттилои сомонаи 59.ru, Cайфиддин Одинаев рӯзи 30 июл дар раёсати тафтишоти Сарраёсати умури дохилии вилоят мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Қарор аст, ки рӯзи чоршанбе додгоҳ дар мавриди ҳабси ӯ амр содир кунад. Сомона навиштаааст, як узви дигари ҷамъияти тоҷикон, ки барои даст доштан дар фурӯши маводи мухаддио ба 12 соли маҳбас маҳкум шудааст, алайҳи Сайфуддин Одинаев баёнот додааст.

Зимнан, дар бораи боздошти раиси ҷамъияти тоҷикони Перм ба сомона Вячеслав Дегтярников, хабарнигори телевизиони маҳаллии “Рифей-Перм”, иттилоъ дод, ки намоиши филми ӯ “Наркокартел дар Заостровск” соли гузашта боиси баҳси шадид миёни ширкати телевизионӣ ва Сайфуддин Одинаев шуда буд.

Раҳматулло Мазориев, собиқ муовини раиси ҷамоаи тоҷикони вилояти Перм мегӯяд, дар ин филм Сайфуддин Одинаев дар даст доштан дар қочоқу фурӯши маводи мухаддир айбдор мешуд ва ӯ шабакаи телевизиониро дар тӯҳмат муттаҳам кард ва дар ариза ба додгоҳ хост, ки “Рифей-Перм” барои латма задан ба шаъну шарафаш як миллион рубл ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Баҳси додгоҳӣ дар додгоҳҳои маҳаллӣ моҳҳо идома кард. Аввал додгоҳи ноҳияи Дзержинскиии Перм гуфтаҳои Одинаевро, ки “худи шабакаи телевизонӣ аз паҳнкунандагони маводи мухаддир пуштибонӣ мекунад”, чун латма задан ба обрӯи ширкати телевизонӣ арзёбӣ намуд ва ӯро 50 ҳазор рубл ҷарима кард.

Рӯзи 4 сентябр бошад додгоҳи ноҳияи Ленини Перм аризаи Сайфиддин Одинаевро пазируфт ва аз “Рифей-Перм” талаб кард, ки ба раиси ҷамъияти тоҷикон “барои паст задани  шаъни шарафи ӯ” 150 ҳазор рубл ҷубронпулӣ пардохт намояд. Вакили дифои Одинаев дар мурофиа иддаои хабарнигори “Рифей-Перм” дар бораи даст доштани фарди таҳти ҳимояташ дар фурӯши маводи мухаддирро комилан ботил кард. Ӯ гуфт, ки баъди филм на Хадамоти федеролии амният, на Кумитаи тафтишот, на вазорати умури дохилии Русия ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ накарданд, “зеро дар он ягон далели мӯътамади даст доштани Сайфуддин Одинаев дар қочоқ ё ташкили фурӯши маводи мухаддир ҷой надошт”.

Раҳматулло Мазориев мегӯяд, ки онҳо дар бораи иттиҳоми нав алайҳи раиси ҷамъияти тоҷикон иттилоъ надоранд ва онро рӯзи чаҳоршанбе пайгирӣ хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi