Вазорат ду хабарнигори "Садои Хуросон"-ро иҷозаи фаъолият медиҳад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мӯҳлати эътиборномаи ду хабарнигори радиои «Садои Хуросон»-ро тамдид хоҳад кард. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон ба иллати пахши мусоҳибаҳои раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров ва Олим Шерзамонов дар бораи беш аз андозаи тавофуқшуда пеш рафтани Чин ба хоки Тоҷикистон, фаъолияти ду хабарнигори "Садои Хуросон"-ро қатъ карда буд.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22 июл ба мо гуфт, ки фаъолияти ду хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Садои Хуросон» дар Тоҷикистон Зиёратшоҳ Аҳмадов ва Аловиддин Қосимовро, ки се моҳ қабл қатъ карда шуд буд, тамдид хоҳад кард. Рӯзи 22 июл муҳлати семоҳаи манъи фаъолияти ду хабарнигори маҳаллии «Садои Хуросон» аз сӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба поён расид.
Абдулфайз Атоев афзуд, ки вазорат санадҳои хабарнигорони «Садои Хуросон»-ро мавриди омӯзиш қарор дод ва ин ду хабарнигор акнун метавонанд бо навиштани аризаи нав соҳиби аккредитатсия шаванд: «Онҳо бидуни кадом мамониат акнун метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд. Муносибати Тоҷикистону Эрон бисёр ҳасана аст ва ҳеҷ мушкиле дар миён нест. Вақте ки онҳо изҳори назари чанд соли қабли Зоиров Раҳматуллоро нашр карданд ва худи Зоиров инро иғвогарона ҳисобид, бо назардошти як амали ғайриҳирфаии хабарнигорӣ акредитатсияи онҳо барои се моҳ қатъ карда шуда буд.»
Ин иқдоми вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон нисбат ба ду хабарнигори садову симои Эрон пас аз он сурат гирифт, ки "Садои Хуросон" дар моҳи апрел изҳороти Олим Шерзамонов, масъули ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшонро дар мусоҳиба бо нашрияи русии "Независимая газета" ва ҳамчунин суҳбатҳои Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ин ҳизбро дар бораи пешравии беш аз андозаи тавофуқшудаи Чин дар хоки Тоҷикистон дар минтақаи Мурғоби Бадахшон нашр кард.
Дар пай вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иддаоҳои омада дар ин хабарро рад кард ва ба дунболи он Раҳматулло Зоиров низ дар шарҳи изҳороташ гуфт, ки дар ин шабу рӯз ба матбуот кашидани ҳарфе ки ӯ чанд сол қабл гуфтааст, як иғво мебошад.
Радиои "Садои Хуросон" аз оғози солҳои 90 дар бозори матбуотии Тоҷикистон амал мекунад ва бахше аз кормандонаш шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
«Озодӣ»