«Шоҳнома» ба забони қипчоқӣ низ нашр гардид
«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавии Тӯсӣ инак ба забони қипчоқӣ низ чоп ва мунташир гардид. Ин рӯйдоди фараҳбахши фарҳангӣ чанде пеш дар яке аз нашриётҳои бонуфузи Алма-Ато, пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқуъ пайваст. «Шоҳнома» ба забони қипчоқӣ ба теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 868 саҳифа бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Чи навъе, ки дар китоб қайд шудааст, матни интиқодии он дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Тоҷикистон таҳия гардидааст. Бино ба гуфтаи Қурбоналӣ Идрисов, донишманди тоҷик, ки яке аз он масъулоне мебошад, ки матни «Шоҳнома»-ро ба забони қипчоқӣ барои чоп омода кардааст, тарҷумаи «Шоҳнома» ба забони қипчоқӣ ҳанӯз дар Миср, дар замони сари қудрат будани Консух-ал Ҷурӣ (солҳои 1501-1516-и мелодӣ) аз сӯи хаттот ва донишманди маъруф Сайид Шариф иҷро шудааст.
«Шоҳнома»-и ба забони қипчоқӣ тарҷумашуда аз қадимтарин нусхаҳои ин асари безавол буда, он таҳти рақами 1032 дар бойгонии китобхонаи Институти шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Қурбоналӣ Идрисов инчунин афзуд, ки чопи қипчоқии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар натиҷаи заҳмати зиёди олимони шарқшиноси тоҷик, минҷумла шодравон Амрияздон Алимардонов ва дигарон даст додааст. Нашри «Шоҳнома» ба забони қипчоқӣ аз сӯи хонандаи қазоқ ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ гардид.
Ҷои зикр аст, ки забони қипчоқӣ шуруъ аз асри 13-и мелодӣ дар қаламрави давлати Чингизхон забони муоширати байни миллатҳо ба шумор мерафт. Забонҳои қазоқӣ, балқарӣ, бошқирдӣ, қарақалпоқӣ ва боз чанд забони дигари туркӣ аз қабили забонҳоеанд, ки аз ҳамин забони қипчоқӣ сарчашма мегиранд. Дар ҳоли ҳозир забони қипчоқӣ ба қатори забонҳои мурда шомил шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар миёнаҳои асри 13-и мелодӣ аз сӯи Абулфатҳ Бундории Исфаҳонӣ аввалин маротиба ба забони хориҷӣ, дар шакли наср ба забони арабӣ тарҷума мешавад. Дар дарбори шоҳони Гурҷистон Довуд, Тамара ва дигарон матни аслӣ ва тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсиро мехонданд. Тарҷумаи гурҷии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба номи «Ростомиани» дар асрҳои 16-17 ба вуҷуд омадааст.
Шоҳнома»-и Фирдавӣ дар замони шӯравӣ қариб ба тамоми забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума шуда буд. Ба забони русӣ онро борҳо шуарои маъруфи рус тарҷума кардаанд. Вале яке аз тарҷумаҳои муваффақи он ба забони русӣ ин тарҷумаи Силсила Бону, хонуми шоири машҳури форсзабон Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳисоб меравад.
«Рӯзгор»