04:51:41 01-уми Июни 2025 сол

Дар 6 моҳ 145 сокини Суғд даст ба худкушӣ задааст

Давоми шаш моҳи гузашта дар вилояти Суғд 145 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дода, гуфтааст, ки аз шумораи умумии онҳое, ки  даст ба худкушӣ задаанд, 63- ҳолатро занон ва 16 ҳолати дигарро ноболиғон  анҷом додаанд.

Имсол аввалин маротиба дар ноҳияи Масчоҳи Куҳӣ ҳам як ҳолати даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки ин гуна воқеа то ин дам дар ноҳия сар назада буд. Манбаъ афзудааст, ки дар худуди вилоят аз ҳама бештар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даст ба худкушӣ задаву аз оғози сол  то имрӯз 23- нафар шаҳрванди ин ноҳия бо дасти худ риштаи умрашоно қайчӣ задаанд.

«Рӯзгор»


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854