06:31:49 01-уми Июни 2025 сол

341 зани фаъол хостори озодии зиндониёни сиёсӣ шуданд

Гуруҳе аз занони ислоҳталаби Ирон бо навиштани як нома ба унвони бархе аз шахсиятҳои сиёсии кишварашон хостори талоши онҳо баҳри озодии зиндониёи сиёсӣ, аз ҷумла афроде бо лақаби «Модарони сиёсӣ » шудаанд.

Дар ин бора сомонаи радиои Фардо навишта, афзудааст, ки ин номаи дар хитоб ба Ҳошими Рафсинҷонӣ, Ҳошими Шоҳрӯдӣ, Нотиқ Нурӣ, Ҳасан Хумайнӣ, Муҳаммад Хотамӣ навишташударо 341 тан аз аъолзанони ислоҳталаб имзо карда, дар нома нигаронии шадиди худро аз вазъити Маҳдӣ Курубӣ, Заҳро Раҳнавард, Мирҳусайн Мусавӣ дар ҳабси хонагӣ изҳор кардаанд.

Бонувони фаъол хостори он шудаанд, ки мухотабони ин нома бояд ҳама талоши хешро барои озодии зиндониёни номбурда ва дигар зиндониёни сиёсӣ ба харҷ диҳанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854