14:08:06 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обама аз барномаҳои ҷанҷолии амниятӣ ҳимоят кард

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико назорати махфии гуфтӯгуҳои телефонӣ ва истифодаи Интернет аз тарафи хориҷиёнро кори дуруст хонд. Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА рӯзи ҷумъа аз барномаи давлати он кишвар барои гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва назорат бар фаъолиятҳои интернетӣ ҳимоят карда ва гуфтааст, ки Конгресс ва Додгоҳи федералӣ бар ин барнома назорат доранд.

barak-obama-080613Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Барак Обам гуфтааст, ки ин нақзи ҳарими хусусӣ барои дифоъ аз амнияти Амрико зарур будааст. Бо ин ҳол раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки бар фаъолиятиҳои интернетии шаҳрвандон ва сокинони Амрико назорат нашудааст. Вай, ки аз вилояти Калифорния боздид мекард, хитоб ба шаҳрвандони Амрико гуфтааст, «касе ба гуфтугӯҳои телефонии шумо гӯш намедиҳад.»

Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ин барнома таври тарҳрезӣ шудааст, то байни нигарониҳо дар хусуси ҳарими шахсии ва масъалаи таъмини амнияти шаҳрвандони Амрико тавозун ва баробарӣ барқарор бошад. Ба гуфтаи оқои Обама, додрасҳои федералии Амрико ва ҳамчунин аъзои Конгресс ин барномаро назорат хоҳанд кард ва дар ҳамин замина маълумоти лозимро дар ихтиёри қонунгузорони амрикоӣ қарор дода шудааст.

Рӯзномаи амрикоии “Washington Post” рӯзи панҷшанбе гузориш дода буд, ки мақомоти ин кишвар дар ростои муайян кардани фаъолиятҳои афрод бо дастрасӣ ба сервери марказии ширкатҳои компютерӣ монанди Google, Apple ва Facebook, аксҳо, емейлҳо ва файлҳоеро берун овардаанд.

Дар ҳамин замина рӯзномаи бритониёии Guardian гузориш дода буд, ки «Оҷонсии амнияти миллӣ»-и Амрико гуфтугӯи миллионҳо шаҳрвандони амрикоиро, ки аз хадамоти яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Амрико истифода мекунанд, сабт кардааст.

Ба гузори хабаргузории Ройтерз, интишори ин ду хабар боиси бештар шудани баҳсҳо дар хусуси ҳуқуқи афрод ва чаҳорчӯбаи назорати давлат бар фаъолиятҳои шаҳрвандон пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 шудааст. Барак Обама гуфтааст, ки пештар нисбат ба гӯш кардан ва назорат шакку тардидҳое доштааст, аммо акнун бовар дорад чунин дахолати маҳдуд лозим аст.

Раиси ҷумҳури Амрико бо ин ҳол гуфтааст, ки давлати он кишвар муқаррароти лозимро рӯи даст гирифтааст, то боварӣ ҳосил шавад, ки ин барнома аз чаҳорчӯбаи дар назаргирифташуда берун наравад. Оқои Обама гуфтааст, «Шумо наметавонед ҳам 100 дарсад амният дошта бошед ва 100 дарсад ҳарими хусусиро ҳифз кунед ва мушкилот набошад. Ҳамонгуна, ки як ҷомеа дар муқобили интихобҳои мухталиф қарор мегирад, мо низ мебоист интихоб кунем."

Washington Post навишта буд, ки барномаи назорат ва контроли ширкатҳое монанди Микрасофт, Скайп ва Ютуб дар даврони Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини Амрико оғоз шуд, аммо дар замони раҳбарии Обама ин барнома тавсеа ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi