01:31:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Узбакистон молу колои Эронро мусодира кард

Масъулони баргузории Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Душанбе мегӯянд, Узбакистон молу колои се ширкати эрониро, ки роҳии Тоҷикистон буданд, мусодира кардааст. Алиакбар Умронӣ, мудири кулли ширкати «Роҳи рушди Осиё» ва масъули баргузории Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар марзи Узбакистон молу колои се ширкати Эрон, ки мебоист дар намоишгоҳ пешкаш мешуданд, мусодира гардиданд.

fura-iran-060613Алиакбари Умронӣ рӯзи панҷшанбе ба мо гуфт, ки ин колоҳо асосан аз либосҳои мардона иборат буданд ва мебоист имрӯз ба намоиш гузошта мешуданд, аммо гумрукчиёқни Узбакистон бо баҳонаи ночиз, ки рӯи бастаҳои ин куртаҳо либоси занона навишта шудааст, либосҳоро мусодира карда ва иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро надодаанд. Ба гуфтаи ин масъули баргузори Намоишгоҳи саноати Эрон, «айб дар ин будааст, ки дар бастаҳои лисбосҳои мардона муҳри либоси занона зада шудааст ва танҳо ба хотири ҳамин иҷоза надодаанд.»

Ҷаноби Умронӣ афзуд, ки мувофиқи қоидаҳои боркашонӣ моле, ки тариқи қаламрави як кишвар ба кишвари саввум интиқол дода мешавад, ба ҷуз колоҳои низомӣ бояд чунин мӯшикофона тафтиш нашаванд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки имрӯз чанде аз тоҷирони эронӣ, ки тариқи нақлиёти автомобилӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон мол ворид мекунанд, дар интиқоли колояшон аз Узбакистон ба мушкил дучор мешаванд.

Алиакбари Умронӣ аз ин се ширкат ном набурд, вале афзуд, ки барои сарфу харҷи роҳ онҳо 6 ҳазор доллари маблағ харҷ кардаанд. Ин бори аввал нест, молу колои Эрон барои намоишгоҳҳои саноатӣ дар Тоҷикистон, дар марзи Узбакистон бо ҳар баҳона боздошта мешаванд.

Алиакбар Умронӣ, мудири кулли ширкати «Роҳи рушди Осиё»-и Эрон таъкид карда, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи гузашта ҳангоми ба Тоҷикистон овардани мӯзаҳои мардона, гумрукчиёни узбак бо баҳонаи ин, ки ин мӯзаҳо пойафзоли низомӣ ҳастанд, иҷозаи вуруд надоданд ва ҳамаро мусодира карданд. Аммо бо вуҷуди ин, Намоишгоҳи саноатии Эрон имрӯз дар Кохи Борбади Душанбе ифтитоҳ шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi