18:59:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Хуруҷи бемории меъдаи Зайд Саидов

 Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки аз 19 май ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, аз интизории шахси зерҳимояашон ба муоинаи табибон хабар додаанд.

 Рӯзи душанбе, Шӯҳрат Қудратов, як тан аз вакилони мудофиаи Зайд Саидов иттилоъ дод, ки дарди меъдаи ӯ хуруҷ кардааст, вале ба вай кӯмаки амалии тиббӣ расонда намешавад. Аввали ҳафта вакилони мудофиа эълон карданд, ки бори дигар расман мақомоти тафтишотиро аз ниёзи шахси зерҳимояашон ба назорати тиббӣ дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Вазири пешини саноати Тоҷикистон, соҳибкори варзида ва бунёдгузори ҳизби ҳанӯз номнависношудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, сӯистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ ва ришва айбдор мешавад, ки солҳои вазир буданаш гӯё содир кардааст. Вале Зайд Саидом ҳама иттиҳомоти воридаро то имрӯз комилан рад кардааст.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъди эълони таъсиси Ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав", 19-уми май боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Вай ба ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ, ки ба иддаои мақомот, дар замони вазири саноат буданаш, дар солҳои 2002-2007, аз ҷумла, ба суистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ ва тасарруфи маблағ дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешавад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi