04:45:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Намоишҳои эътирозӣ 67 шаҳри Туркияро фаро гирифтанд

 

Дар ҷараёни беназмиҳо дар Туркия бештар аз 1700 нафар боздошт шуданд, вале намоишҳои эътирозӣ ба сурати пароканда ҳамоно идома доранд. Дар ин бора рӯзи душанбе France-Presse истинодан ба вазири умури дохилии ин кишвар Муаммар Гюлер иттилоъ дод. Вазир гуфтааст, ки аксари дастгиршудагон баъди сӯҳбатҳои муқаддамотӣҷавоб дода шуданд.

 

Муаммар Гюлер ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар маҷмӯъ зарфи чанд рӯзи охир ба дифоъ аз тарҳи харобсозии боғи машҳур дар маркази Истамбул дар 67 шаҳри ин кишвар 235 намоиши эътирозӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 58 нафар аз ҷумлаи ширкаткунандагони тазоҳурот ва 115 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳат бардоштанд. Аммо ҳамзамон бо ин вазир даъвои мудофиини ҳуқуқи башарро, ки аз захмӣ шудани садҳо нафар ва ҳалокати чанд тан хабар медоданд, бепоя номид.

 

Бино ба иттилои вазир аз рӯзи ҷумъаи гузашта ба ҳудудан 100 мошини пулис, 94 мағоза ва садҳо мошинҳои хусусӣ зарар расонда шудааст. Ҳаҷми хисорати ворида дар маҷмӯъ баробар ба 8 миллион евро эълон шудааст, вале ҳоло ҳам ин ҳисоби дақиқ нест, чун беназмиҳо тамоми рӯзи душанбе идома доштанд.

 

Тазоҳуроти оммавӣ дар Туркия, ки таҳлилгарони ғарб дар он нишонаҳои "баҳори арабиро" дидаанд, рӯзи 31-май оғоз гардид. Баҳонаи аввал дарахтбуррӣ дар майдони машҳури пойтахти ин кишвар буд ва баъдан бо баҳонаи пуштибонӣ аз тазоҳуркунандагони Истамбул дар шаҳрҳои дигари мамлакат низ одамон ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо ҳукумати исломгарои Эрдуғонро ба диктаторӣ муттаҳам мекунанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi