06:29:51 19-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Бонки ҷаҳонӣ ба 22 ҳазор тоҷикистонӣ ҷои кор медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ барои тақкими амнияти озуқавории Тоҷикистон ба татбиқи барномаи беҳбуд бахшидани вазъи кишоварзӣ дар 12 ноҳияи ин кишвар оғоз кард, ки маҷмуан 43,9 миллион долларро дар бар мегирад. Дафтари матбуоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн ба мо гуфт, ки тарҳи мазкурро Шӯрои иҷрояи Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи ноябри соли гузашта тасдиқ карда буд.

traktor-04062013Бар пояи ин тарҳ, аз ҷониби «Асcотсиатсияи ҷаҳонии рушд» 18 миллион доллар ва аз тарафи «Бунёди барномаҳои кишоварзӣ» ва «Бехатарии озуқа» 29,7 миллион доллар ихтисос дода шудааст, ки ба сурати умум 770 ҳазор сокинони вилояти Хатлон шомили он хоҳанд буд. Тарҳи мазкур имкон медиҳад, ки соҳаи обу обёрии 12 навоҳии ҷанубии кишвар эҳё шуда ва 22 ҳазор нафар соҳиби ҷои кори муваққатӣ шаванд. Ин тарҳ ҳамчунин имкон медиҳад, ки 190 ҳазор ҳектор замин обёрӣ шуда ҳудуди 10 дарсад ҳосихезии замин афзош хоҳад ёфт.

Дар баёнияи матбуотие, ки намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ 20-солагии ҳамкории худро бо Тоҷикистон таҷлил хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир Бонки ҷаҳонӣ дар назар дорад, ки дар ояндаи наздик 15 тарҳи дигари худро, ки 271 миллион доларро дар бар мегирад дар Тоҷикистон пиёда кунад, ки бахши аъзами он барои беҳбуд бахшидани соҳаи кишоварзии Тоҷикистон равона хоҳад шуд. Ҳудуди 15 дарсади онро масъалаи таъмини об ва масоили беҳдорӣ фаро хоҳад гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi