16:29:15 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"БАРҚИ ТОҶИК" ИНТИҚОЛИ НЕРӮИ БАРҚРО ЗИЁД КАРД

Аз рӯзи 25 феврал мардум ва муассиаҳо дар вилояту навоҳии Тоҷикистон дар як шабонарӯз 12 соат нерӯи барқ мегиранд. Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки сар аз рӯзи 25 феврал интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум ва муасиссаҳоро то 12 соат дар шабонарӯз афзоиш додааст. “Барқи Тоҷик” имрӯз бо нашри як баёнияи расмӣ дар торнамои худ гуфт, нарм омадани зимистон ва истифодаи дурусти захираҳои об дар тирамоҳу зимистон, ба онҳо имкон додааст, ки имсол интиқоли нерӯи барқро зудтар афзоиш диҳанд.

/images/stories/2013/02/26_ges-norak-260213.jpgСокинони рустоҳои Тоҷикистон аз нимаи тирамоҳ то охири моҳи декабр дар як шабонарӯз то 7 соат нерӯи барқ мегирифтанду халос. Дар навоҳии кишвар нерӯи барқ аз соати 5 бомдод то 11 ва аз саоти 17 то 23 интиқол мешавад вале айни замон “Барқи Тоҷик” мегӯяд, вобаста ба соатҳои тақозои зиёд ба нерӯи барқ мумкин аст, ки вақти таъминот дар баъзе минтақаҳо андак гуногун бошад, вале тамоми вилояту ноҳияҳо нерӯи барқ ҳамон вақт дода мешавад, ки мардум ба он ниёзи бештар дорад.

Дар Тоҷикистон дар аввали моҳи октябр интиқоли нерӯи барқро маҳдуд мекунанд, зеро нерӯгоҳи аслии кишвар “Норак” ба қадри кофӣ нерӯи барқ тавлид намекунад. Аммо ҳоло маълум нест, ки интиқоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар Тоҷикистон кай аз сар гирифта мешавад, зеро ба гуфтаи “Барқи Тоҷик”, “бо назардошти носозгориҳои табиат, ки аксаран пешгўинопазиранд, ҳоло санаи қатъи маҳдудиятро наметавон аниқ муайян намуд.”

Вале ширкат изҳори умедворӣ кардааст, ки имсол маҳдудияти нерӯи барқро зудтар аз байн мебардорад. Тоҷикистон дар фасли тобистон бештар аз эҳтиёҷоти худ нерӯи барқ тавлид мекунад ва зимистонҳо ба бештар аз 3 миллиард киловат соат нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi