03:23:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАРХИ "КАЙҲОНӢ"-И ЧИПТАҲО. ҚИМАТИ СӮЗИШВОРӢ Ё ОҒОЗИ МАВСИМИ МУҲОҶИРАТ?

Мақомоти тоҷик боло рафтани қимати чиптаҳои ҳавопайморо ба афзоиши нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Каримҷон Абдуллоев, раиси Агентии алоқаҳои ҳавоии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба мо гуфт, ки дар се-чаҳор рӯзи ахир нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба ҳамаи самтҳо аз 100 то 180 евро гаронтар шудаанд.

/images/stories/2013/02/18_tajik-air-180213.jpgАгар се рӯз қабл нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Санкт Петербург 1650 сомонӣ буд, ҳамакнун ба 2750 сомонӣ баробар шудаст. Нархи билети хатсайри Душанбе-Сочӣ дар ҳоли ҳозир 2037 сомонӣ мебошад. Ба қавли Каримҷон Абдуллоев, билетҳо дар хатсайри Душанбе Маскав, Душанбе-Самара, ҳамчунин ба Чину Ҳиндустон ва Туркияву Имороти Муттаҳидаи Араб гарон шудааст.

Сабаби болоравии нархи чиптаҳоро Каримҷон Абдуллоев ба афзоиши қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рабт дод. Ҳоло ба унвони мисол ширкати «Тоҷикэйр» барои 1 тонна карасин 1800 доллари амрикоӣ харҷ мекунад. Бар иловаи ин, ширкати «Сомонэйр» ва дигар ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, нархи билетҳои худро боло бурдаанд. Аммо ба гуфтаи Каримҷон Абдуллоев, «Тоҷикайр"- ягона ширкати давлатӣ, ба фарқ аз рақибони худ, билетҳои худро аз 10 то 15 евро арзонтар мефурӯшад.

Нархи чиптаи ҳавопаймо дар ҳоле боло рафтааст, ки ҳамакнун мавсими ҳаракати мавҷи муҳоҷирон ба сӯи Русия оғоз шудааст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар баҳори соли гузашта низ боло рафтани қимати чиптаҳои худро ба афзоиши нархи маводи сӯхт марбут дониста буданд.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон шояд ягона давлатест, ки бо вуҷуди баҳрабардорӣ аз маблағи муҳоҷирони корӣ, чиптаҳои мавсимӣ ҷорӣ накарда ва ба муҳоҷирон имтиёз пешниҳод намекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi