18:16:37 01-уми Июни 2025 сол

"ҚОРӢ ВОСИТ ДАР МАНЗИЛИ МАХФИИ КДАМ НИГАҲДОРӢ МЕШАВАД"

Вакили мудофеи Абдувосит Латифов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояаш дар хонаи махфии Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешавад.

/images/stories/2012/11/01_qori-vosit-011112.jpgШӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Абдувосит Латифов, рӯзи панҷшанбеи якуми ноябр ба мо гуфт, нафари таҳти ҳимояаш дар як манзили пинҳонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ҷаноби Қудратов гуфт, кормандони Кумитаи амнияти миллӣ бо шарти фош накардани ному насабашон иттилоъ додаанд, ки чанд нафаре аз онҳо муваззаф шудаанд, то Қорӣ Воситро як муддат нигоҳдорӣ кунанд.

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, дар ивази муроҷиатҳои пайдарпайи ӯ ҳанӯз ҳам мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ ба таври расмӣ аз вуҷуди Қорӣ Восит дар қаламрави Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунанд.

Дар ҳафтаи гузашта вакили мудофеи Абдулвосит Латифов ба Додситонии кулли Тоҷикитсон дар мавриди мушаххас кардани ҷои нигоҳдории Қорӣ Восит расман муроҷиат карда буд, аммо то ҳол посухе дарёфт накардааст.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Қорӣ Восит аз ҷумла модараш Латофат Имомова, рӯзи ҷумъаи 26-уми октябр дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, ки писараш феълан дар Душанбест. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шуд, Абдувосит (Қорӣ Восит) рӯзи 24-уми октябр аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854