04:41:22 07-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АМРИКО: "МУҶОҲИДИНИ ХАЛҚ ДИГАР СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТӢ НЕСТ"

Иёлоти Муттаҳида номи созмони эронии "Муҷоҳидини Халқ"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардааст.

/images/stories/2012/09/30_hlary-klinton_300912.jpgИн тасмимро Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, гирифтааст. Ба қавли масъулони вазорат, “тасмими вазири умури хориҷӣ бар асоси иқдоми созмони Муҷоҳидини Халқ дар ошкор маҳкум кардани хушунат, таъйид нашудани амалҳои террористӣ аз тарафи ин созмон дар тӯли бештар аз даҳ соли гузашта ва ҳамкории наздики гурӯҳ барои бастани урдугоҳаш дар Ироқ гирифта шуд.”

Айни замон вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, “нигарониҳои ҷиддие” дар бораи ин созмон дорад, ки мегӯянд, аъзои худро азияту озор медиҳад. ба гуфтаи Департаменти давлатии Амрико, ба рағми иқдомоти имрӯз, вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида иқдомоти террористии гузаштаи созмони Муҷоҳидини Халқ, аз ҷумла нақши он қатли шаҳрвандони Амрико дар Эрон дар даҳаи 1980 ва ҳамла дар ИМА дар соли 1994-ро фаромӯш ё аз онҳо чашмпӯшӣ накардааст.

Муҷоҳиддини Халқ, ки мухолифи ҳукумати исломии Эрон аст, дар ҷанги 8-солаи Эрону Ироқ аз тарафи нерӯҳои Саддом Ҳусайн ҷангидааст. Вазорати умури хориҷии Амрико онро аз соли 1997-ум ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда буд.

Бо ҳамлаи низомии Амрико ба Ироқ ва суқути Саддом Ҳусейн, нерӯҳои созмони Муҷоҳидини Халқ дар урдугоҳи Ашраф халъи силоҳ шуданд. Давлати Ироқ хостори хуруҷи беш аз 3 ҳазор нерӯи созмони Муҷоҳидини Халқ аз ин кишвар аст.

Тайи моҳҳои охир бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид , давлати Ироқ ва Амрико аксар аъзои созмони Муҷоҳидини Халқро аз урдугоҳи Ашраф ба урдугоҳи Озодӣ, дар наздикии Бағдод, фиристодаанд, то аз ин роҳ заминаи берун рафтани ин арфод аз Ироқ фароҳам шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi