18:26:19 02-уми Июни 2025 сол

ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ ИҒВО МЕАНДОХТАНД?

Иддаои як масъули дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар миёни хабарнигорон вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

/images/stories/2012/09/27_miting-khorugh-270912.jpgБисёре аз хабарнигорони тоҷик ин иддаоро, ки гӯиё дар ҷараёни ҳаводиси Хоруғ журналистон аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекарданд, беасос донистанд. Аз ҷумла, Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи "Озодагон" гуфт, бо ин даъво мақомот мехоҳанд, ҳама он заъфи худро, ки дар ҷараёни ҳаводиси Хоруғ доштанд, ба сари хабарнигорон бор кунанд.

"Заминасози ин гуна ҳодисаҳо мушкилоти иҷтимоист. Волоият надоштани қонун аст. Шумо биёед, волоияти қонунро таъмин кунед, касе гунаҳкор аст, додгоҳ  ҳукм содир кунад",-афзуд ӯ.

Рӯзи 24-уми сентябр Музаффар Ашӯров, мудири шӯъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти САҲА (Варшава) бархе аз расонаҳоро дар "сафед кардани ҷинояткорон" ва эҷоди шароит барои такрори ҳодисаҳои Хоруғ муттаҳам кард.

Ин изҳороти ҷаноби Ашӯров дар пайи ҳарфҳои Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, дар мавриди озодии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон садо дод. Ӯ, ки дар нишасти Варшава иштирок дорад, гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар тӯли ду моҳи ахир дастрасӣ ба чанде аз торнамо (сайт)-ҳои дохиливу хориҷиро масдуд кардааст. Ин иқдом ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ҳаводиси ахири Хоруғ, ки тақрибан ҳафтод кушта бар ҷо гузошт, рух доданд.

Олга Тутбалина дар бораи расонаҳои давлатӣ низ изҳори назар карда гуфтааст, ин расонаҳо дар мавриди амалиёти низомии ахир дар Бадахшон сухане нагуфта, баръакс, консерт намоиш медоданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854