15:09:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АКАДЕМИК МУҲАММАДҶОН ШУКУРОВ ДАР ЛУЧОБ БА ХОК СУПОРИДА ШУД

Маросими ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Калинин баъд аз намози пешини рӯзи 17-уми сентябр бо имоматии муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодиров баргузор гардид.

/images/stories/2012/09/18_shakuri-88888888.jpgҚабл аз он дар назди ҳавлии хонаи марҳум Шакурӣ фарҳангиёну зиёиёни тоҷик дар ҷамъомаде, ки  ба муносибати вафоти ҷонгудози ӯ барпо гардид, марги ӯро барои илму фарҳангу Тоҷикистон як талафоти ҷуброннопазир унвон карданд. Маросими видоъро Президенти АФ Тоҷикистон академик Илолов кушода шарҳи зиндагиномаи устод Шакурӣ ва хизматҳои ӯро барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар назди ҳозирин ироа кард.

Дар ин ҷамъомад муовини аввали Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, сарвари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ, забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии АФ ҶТ академик Акбар Турсунов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, адабиётшинос Атахон Сайфуллоев, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Алиасғари Шеърдӯст ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби оқои Абдулғафури Орзу суханронӣ намуда аз устод Шакурӣ ба некӣ ёд карда дуо намуданд, ки Худованди бузург барояш биҳишти барин ва барои бозмондагонаш сабри ҷамилро арзонӣ бидорад.

Сафирони Эрон ва Афғонистон аз номаи тасаллияти Раисони ҷумҳури Эрон  ва Афғонистон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати вафоти Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ирсол намудаанд, ёдовар шуданд.

Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева шеъри ба ин муносибат чанд лаҳза қабл гуфтаашро барои ҳозирин дар ин ҷамъомад қироат намуд:

Шакурӣ марди дил, марди Худо буд,
Сафири ишқу имону сафо буд.
Забони шамъи худафрӯзии мо,
Шакурӣ дар садоқат бебаҳо буд.
Шакурӣ охирин хунёгари кеш, 
Зи пургӯёни камҳосил ҷудо буд,
Бухоро қудрати зодан надорад,
Шакурӣ охири Садри Зиё буд."

Рустами Шакурӣ, фарзанди Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин ҷамъомад аз ҳозирин барои тасалллияту дилбардорӣ карданашон ибрози ташаккурӣ намуд.

Исмоили Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни саршиноси кишвар дар маъракаи бахоксупории устод Шакурӣ дар қабристони Лучоб амри маъруф ва наҳй аз мункар намуд.

Муштарии гиромӣ, Шумо аз гӯшаи аксҳои сомона имкон доред лаҳзаҳоеро аз маросими ҷаноза ва бахоксупории устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бубинед.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi