11:28:40 19-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БАРРАСИИ ЧОЛИШҲОИ МУОСИРИ ВАО ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи сешанбе дар Душанбе ҳамоише таҳти унвони «Чолишҳои муосир дар фазои васоити ахбори умум ва нақши матбуот дар Тоҷикистон», оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалии журналистӣ ва матбуоти маҳалӣ ширкат доранд.

/images/stories/2012/09/11_konferensia-110912.jpgНуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр ба мо гуфт, ки дар ин ҳамоиш яке аз мавзӯъҳои муҳим,  терроризм ва тундгароӣ дар марҳилаи муосир ҳамчун таҳдид бо ҷомеаи имрӯз баррасӣ мешавад, ки то андозае ба ҳодисаи ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико, рабт мегирад.

Ҷаноби Қаршибоев гуфт, баргузор шудани ин нишаст дар рӯзи 11-уми сентябр, ҳамраъйӣ ба осебдидагони ин ҳамлаи терористӣ мебошад.

Ёздаҳ сол пеш, дар таърихи 11-уми сентябри соли 2001, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои рабудаша ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вашингтон ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания, тақрибан 3 ҳазор нафар афроди осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, маҳдуд ва масдуд шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон, яке аз мавзӯъҳои дигари ин нишаст ба шумор меояд.

Дар як моҳи ахир ва бо оғози амалиёти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар Хоруғ, чандин торнамоҳо, аз ҷумла сомонаи «Азия плюс» масдуд карда шуд.

Ҳамоиши мазкур бо пуштибонии дафтари «Бунёди байналмилалии ба номи Конрад Аденауер» сурат мегирад. Бунёди мазкур дар соли 1955 дар Олмон таъсис шуда дар 120 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi