18:20:02 02-уми Июни 2025 сол

ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БО ТОҶИРОНИ "КОРВОН" МУЛОҚОТ КАРД

Маҳмадсаид Убайдуллоев-шаҳрдори Душанбе дар бозори "Корвон" бо тоҷирони норозӣ мулоқот кард.

Хабарнигори мо мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ин мулоқот муовини раиси Бонки Миллӣ Ҷамшед Юсуфиён ва намояндагони Додситонии кул ҳамроҳӣ мекарданд. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, тамоми соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарз гирифта, машғули тиҷорат буданд ва дар сӯхтори ахири "Корвон" зарар дидаанд, мӯҳлати бозгардони қарзҳояшон тамдид хоҳад шуд.

Убайдуллоев ҳамчунин ваъда додааст, ки зиёни соҳибкоронро аз ҳисоби амволу дороиҳои раиси бозор Нуршед Машрабов ҷуброн хоҳанд кард. Хабарнигори мо, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, мегӯяд, ба қавли ҷаноби Убайдуллоев раиси бозори "Корвон" ба Дубай фирор кардааст.

Шаҳрдори Душанбе афзуд, комиссияи вижа ё махсус ҳам созмон дода мешавад, ки ин ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард. Аммо бо ин ҳам мардум ором нестанд ва бархеи онҳо мегӯянд, ки ба суолҳои худ посухе дарёфт накардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854