18:16:48 02-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОКУ

Зокир Вазиров, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон, бар асари беморӣ дар яке аз бемористони шаҳри Боку даргузашт.

Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки оқои Вазиров шаби якшанбеи 2 сентябр фавт карда ва ҳоло тадобир барои интиқоли ҷасади ӯ ба шаҳри Душанбе рӯйи даст гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, Зокир Вазиров аз ду моҳ қабл ба ин сӯ дар пайи сактаи мағзӣ ранҷ мекашид. Се рӯзи қабл расонаҳои Озарбойҷон хабар доданд, ки вазъи оқои Вазиров вахим шуда ва ӯ ба бемористон мунтақил шудааст.

Зокир Вазиров аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон маҳсуб шуда ва дар даврони Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ дар соли 1992 вазири маорифи Тоҷикистон буд.

Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар моҳи июни соли 1997 оқои Вазиров бар асоси саҳмияи 30 дарсадии мухолифони давлати Тоҷикистон ба симати муъовини нахуствазир мансуб шуд.

Баъдан дар мақомҳои вазири кору таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ва сипас ба симати раиси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ истихдом шуд.

Аз моҳи феврали соли 2008 Зокир Вазиров сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъйин шуд.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Назриев, феълан вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон муваққатан ба ӯҳдаи Зойир Саидов, мушовири ин сафорат вогузор шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854