15:09:36 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САҲМИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ДАВЛАТӢ НИСБАТИ ГРАНТҲО 5 МАРОТИБА КАМТАР АСТ

Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар миёни 20 манбаи сармоягузори лоиҳаҳои Тоҷикистон калонтаринашонро Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бонки рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва ҳукумати Тоҷикистонро номбар кард.

Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузории татбиқшаванда дар кишвар ҳамагӣ 7,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ҳатто нисбати ҳаҷми грантҳои истифодашаванда дар Тоҷикистон қариб 5 маротиба камтар аст.

Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар кишвар асосан аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ амалӣ мешаванд. Саҳми қарзҳо дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳолати моҳи июли соли ҷорӣ 56,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи маблағҳои грантӣ ба 33,7 фоиз баробар шудаст.

Шумораи  лоиҳаҳои сармоягузории давлатии татбиқшаванда дар Тоҷикистонро масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳолати 1 –уми июли соли ҷорӣ 60 адад арзёбӣ мекунанд, ки маблағи умумии онҳо 1 миллиарду 934 миллион доллар ё зиёда аз 9 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо 12 соҳаи гуногуни иқтисодиётро фаро гирифта аз ҷониби 20 манбаъ маблағгузорӣ мешаванд.

Темур Раҷабализода «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi