12:40:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЁДГОР ФАЙЗОВ: "МАҚОМОТ АЛЛАЙКАЙ БА БЕРУН БУРДАНИ НИРӮҲО АЗ ҚАЛАМРАВИ ХОРУҒ ШУРӮЪ КАРДАНД"

Ин тасмим бар пояи созише миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ гирифта шудааст.

/images/stories/2012/08/23_armiya-kharug-230812.jpgЁдгор Файзов, раиси намояндагии Оғохон дар Бадахшон дар сӯҳбати телефонӣ бо мо гуфт, ки бар пояи маслиҳати байни ширкатдорони митинги эътирозӣ дар Хоруғ ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ қарор шуд, ки хукумат нирӯҳои худро аз Хоруғ берун мекашад ва намоиши эътирозӣ то бегоҳ пароканда мешавад.

Ёдгор Файзов ҳамчунин таъид кард, ки мақомот аллайкай ба берун бурдани нирӯҳо аз қаламрави Хоруғ шурӯъ карданд. “9 камаз барои интиқоли сарбозҳо ба Душанбе расидаанд”, гуфт вай. Масъали муҳими дигар – пешгирӣ аз таъқиби ширкатдорони намоиши эътирозӣ буд.  Ба гуфтаи ӯ, ба хотири пешгирӣ аз боз шудани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ созише миёни сохторҳои қудратӣ ва фаъолони шаҳр ҳосил шудааст.

Чанде пеш аз ин, як манбаи мӯътамади мо гуфт, ин тасмим дар пайи тавофуқи Шералӣ Хайруллоев ва Рамазон Раҳимов, вазирони дифоъ ва умури дохилии Тоҷикистон, 24 вакили маҷлиси шаҳрии Хоруғ, гурӯҳи 20-нафарӣ ва намояндагони тазоҳуркунандагон, ки аксаран ҷавонон ҳастанд, ба даст омадааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi