17:02:29 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕШ АЗ 1 ҲАЗОР ШИША НУШОКИҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ДАР БОЗОРҲОИ ПОЙТАХТ ОШКОР ШУД

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе 1 ҳазору 650 шиша нушокии ғайристандартии «Квас», ки  тоҷирон ба фурӯш гузошта буданд, ошкор гардид.

/images/stories/2012/08/23_kvas-230812.jpgТавре аз Агентии Тоҷиксандарт ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ин миқдор маҳсулот, ки муҳлати истеъмолашон гузаштаасту ба саломатии инсон зарароваранд, зимни як санҷиш маълум гардид ва аз тарафи комиссияи махсуси салоҳиятнок несту нобуд карда шуд.

Гузашта аз ин дар ҷараёни ин санҷиш дигар намуди нушокиҳои пастсифат ва маҳсулоти ғизоӣ низ ошкор шудааст. Манбаъ мегӯяд, 74 литр дигар намуд нушокиҳои ғайристандартӣ, аз қабили нушокии спиртӣ, 220 қути картошка ва як миқдор кулчақанду ҳасибҳои муҳлаташон гузашатаро аз муомилот берун намудаанд.

Масъулини Тоҷикстандарт воридоти ин навъ маҳсулоти пастсифатро ба бозорҳои кишвар ба паст будани маърифати соҳибкории бархе за тоҷирон рабт доданд. Онҳо иброз намуданд, ки ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз ҷониби мутахассисон чорабиниҳои мухталиф гузаронида шудааст ва минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Темур Раҷабализода «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi