23:34:26 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШАБЗИНДАДОРӢ ПОЁН ЁФТ, АММО ТАЗОҲУРОТ ИДОМА ДОРАД

Бештари тазоҳуркунандагони майдони “Ваҳдат”, дар маркази шаҳри Хоруғ, шабро дар майдон сипарӣ кардаанд. Манбаи мо дар маркази вилояти Бадахшон гуфт, ин тазоҳурот шабона орому осуда гузашт ва мардум дар хаймаҳои худ шабро ба умеди беҳбуди вазъ пушти сар гузоштанд. Аммо то дами субҳ касе аз мақомоти вилоятӣ ё шаҳрдории Хоруғ бо тазоҳуркунандагон мулоқот накардааст.

/images/stories/2012/08/23_gorod-kharug-230812.jpgИнтизор меравад, бо дархости тазоҳургарон имрӯз, 23-юми август, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Хоруғ баргузор шавад. Ба ин иҷлосия се вазири ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон низ даъват шудаанд ва қарор аст, дар он ду масъала - берун бурдани нерӯҳо аз шаҳри Хоруғ ва қонунӣ кардани тазоҳуроти эътирозӣ - баррасӣ шавад.

Гирдиҳамомадагон гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд. Дар ҳамин ҳол, Сияршо Додоев, яке аз тазоҳуркунандагон дар Хоруғ, субҳи панҷшанбе ба мо гуфт, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ гуфтушуниди раиси вилояти Бадахшон - Қодири Қосим ва раиси шаҳри Хоруғ - Иброҳимбек Ғозибеков бо намояндагони гирдиҳамоии Хоруғ сурат хоҳад гирифт.

Ин сокини Хоруғ гуфт, худи ӯ имшабро дар манизили зисташ рӯз кардааст ва ҳоло ҳамроҳи фарзанду ҳамсоягонаш боз ба майдон бармегардад. Сияршо Додоев афзуд, талаби ягонаи онҳо хурӯҷи нерӯҳои давлатӣ аз қаламрави Хоруғ аст. "Зеро ҳамаи мардуми майдон ба ин боваранд, ки ба манзили Имомназар Имомназаров афроди таъйиноти махсус норинҷак андохтаанд",-илова кард ҳамсӯҳбати мо.

Ин тазоҳуроти густурдаи сокинони шаҳри Хоруғ ба дунболи кушта шудани Имомназар Имомназаров,  яке аз фармондеҳони мухолифин дар ин шаҳр, ба вуқӯъ пайваст. Ёдовар мешавем, Имомназаров субҳи 22-юми август дар манзили зисташ дар пайи партоби норинҷак ва тирпаронии афроди номаълум кушта шуд.

Додситонии кул гуфт, ин қазияро таҳқиқ ва аз натиҷаи он иттилоъ хоҳад дод. Вале ин ниҳод ҳамзамон Имомназар Имомназаровро дар чандин ҷиноят, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру ҳимоят аз афроди ҷинояткор муттаҳам донистааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi