19:56:06 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ПУЛИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ БА ТАҲҚИҚИ ЛАТУКӮБИ САЙФУЛЛОЗОДА ҶАЛБ ШУДААСТ

Маъмурони интизомӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати тсломии Тоҷикистон (ҲНИТ) -ро рӯйи даст гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан таҳқиқи ин парванда аз сӯйи додситонӣ анҷом мешуд. Додситонӣ ин парвандаро дар пайи ҳамлаи афроди номаълум ба оқои Сайфуллозода, ки 7 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, боз кардааст.

Ин ҳодиса дар назди манзили вай дар маҳаллаи 112, дар бахши ғарбии шаҳри Душанбе, замоне сурат гирифтааст, ки вай роҳии маҳалли кораш буд. Ҳикматулло Сайфуллозода дар асари ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шуда буд. Далоили ин ҳодиса то ҳол маълум нест ва афроди муҳоҷим шинохта нашудаанд.

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, ахиран маъмурони пулис дар ноҳияи Панҷ ба фарзандон ва пайвандонаш эълом кардаанд, ки вай дар боздоштгоҳ аст ва онҳо бояд барои додани баёнот ба бахши пулис биёянд. Ҳикматулло Сайфуллозода, ки худ зодаи рустои “Вахё”-и ин ноҳия аст, мегӯяд, ки писараш назди маъмурони пулис меравад ва ба онҳо тавзеъ медиҳад, ки падараш озод аст ва пайваста бо ӯ телефунӣ сӯҳбат мекунанд.

Баъд аз ин, маъмурони пулис ошкор мекунанд, ки ҳодисаи латукӯби оқои Сайфуллозода соли гузашта рух дода, вале мақомоти пулис ҳамакнун дар бораи бозпурсии пайвандонаш дастур додааст. Ин фаъъоли ҲНИТ изҳори тааҷҷуб мекунад, ки чаро бо гузашти якуним сол маъмурони пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса ҷалб шудаанд? Ва чаро ин маъмурон дар миёни фарзондону пайвандонаш иттилои "дурӯғин" дар бораи боздошти ӯро паҳн мекунанд?

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi