22:51:51 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ТЕТИС ПЕТРОЛЕУМ» ТОҶИКИСТОНРО БА ҚАТОРИ КИШВАРҲОИ НАФТӢ ТАБДИЛ ДОДАНИСТ

Мутахассисини ширкати муштараки «Тетис Петролеум» дар паи корҳои кашшофӣ ва пармакунӣ дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газро ёфтаанд.

/images/stories/2012/08/16_tethys-160812.jpgТавре намояндагии ширкати мазкур дарТоҷикистон иттилоъ дод хаҷми захираҳоро 114  триллион метри мукааб газ ва 8,5 миллиард баррел нафт баҳогузорӣ кардаанд. Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар бораи захираҳои нафту гази Тоҷикистон ҳанӯз дар замони Шӯравӣ маълумот буд, аммо он замон ин захираҳоро 10 маротиба камтар гуфтаанд:

« Вале имрӯз ҳаҷми захираҳо ба маротиб зиёд арзёбӣ шуда, мутахассисон онро маълумоти пешакӣ гуфта, таъкид мекунанд, ки баъди анҷоми таҳқиқот  ҳаҷми ниҳоии захираҳоро дар Тоҷикистон аниқ хоҳанд кард».

Тибқи баҳогузориҳои ширкати «Бритиш петролеум»-и Англия захираи нафт дар Қувейт 101,5 миллиард баррел, дар Русия 77,4 миллиард баррел, Ливия 46,4 миллиард, Қатар 25,9 миллиард баррелро ташкил медиҳад. Акнун ширкати муштараки Англия-Канада-Амрико «Тетис Петролеум» бо корҳои кашшофию пармакунӣ мехоҳад Тоҷикистонро ба кишвари нафтӣ табдил созад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi