22:30:19 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗДОШТИ БОЗ ДУ НАФАР ДАР РОБИТА БА ҚАТЛИ Х.САФАРОВ

Бародарон - Тоҳир ва Фозил Ҳакимов бо иттиҳоми шарикӣ дар ин ҳодиса дастгир шуда, дар боздоштгоҳ қарор доранд. Дар робита ба парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон ду нафари дигар дастгир шудааст.

/images/stories/2012/08/13_safarov-130812.jpgЯк манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтишоти ин парванда гуфт, бародарон Тоҳир ва Фозил Ҳакимов бо иттиҳоми мушорикат (шарикӣ) дар ин ҳодиса боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор доранд. Манбаи огоҳ афзуд, ба ҳангоми кофтукоби манзили зисти Тоҳир Ҳакимов, ки гуфта мешавад домоди Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси комиссияи тафтишотии ҲНИТ, мебошад тири силоҳи оташфишон ошкор шудааст. Тоҳир Ҳакимов то замони боздошташ ба тиҷорат машғул буда, вале то се соли пеш дар кони тиллои Шугнов фаъолият мекардааст.

Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба боздошти ин ду нафар изҳори беиттиллоӣ кард. Вай ҳамчунин ахбори мунташира (чопшуда) аз сӯи вазорати умури дохилӣ дар бораи пайдо шудани туфангчаеро, ки бо он Холмӯъмин Сафаров кушта шудааст, рад намуд. Ҷаноби Сангов гуфт, ҳоло ташхиси балистикии ин туфангча хулосаи худро дар ин бора содир накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои нафари мазнун (гумонбар) дар қатли мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз идомаи ҳимояти нафари зери ҳимояташ даст кашидааст. Қудратов гуфт, даст кашидани ӯ аз идомаи ҳимояти ин нафар кадом ангезаи дигар надорад ва ҳеҷ ниҳоде ҳам рӯи ӯ фишор наовардааст. Вай афзуд, сабаби асосӣ риоят нашудани шароити қарордод аз тарафи пайвандони нафари зери ҳимояташ мебошад. Аммо, гуфт ӯ, ҳоло ду адвокати дигар дифои ҳуқуқи нафари мазнун дар ин қатлро бар ӯҳда гирифтаанд.

Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi