20:52:23 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ТОҶИКМАТЛУБОТ»: БАРОИ НИГОҲ ДОШТАНИ БОЛОРАВИИ НАРХҲО ШАРОИТ НАДОРЕМ

Масъулини Иттифоқи Тоҷикматлуботи кишвар нақши муассир надоштанашонро дар танзим ва коҳиш додани нархи маҳсулот ба надоштани нуқтаҳои фурӯш ва бозор дар пойтахт рабт доданд.

/images/stories/2012/08/12_tojikmatlubot-120812.jpgСироҷиддин Валиев, раиси иттифоқи мазкур мегӯяд, дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ як корхонаи консерва доранду халос. Номбурда иброз медорад, ки ҳар сол дар  бозори «Шоҳмансур» ҷои доштанду савдо мекардаанд, вале имсол дар ҳамон ҷо онҳоро намонданд:

«Дар бораи шаҳри Душанбе чизе гуфта наметавонам, вале нисбати дигар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, ки дар он ҷойҳо таъмини савдоро ба дӯши соҳаи матлубот гузоштаанд, мо инро ба танзим медарорем. Мо барои танзим ва поин бурдани нарху наво қудрат дорем, вале шароит надорем».

Иттифоқи Тоҷикматлубот баҳри ба танзим даровардани бозори маҳсулоти ғизоӣ ва рушди соҳаи матлубот дар ихтиёраш беш аз 6 ҳазор гектар замин ва 76 хоҷагии ёрирасон дорад. Вале бархе аз соҳибназарон иброз медоранд, ки ин миқдор замин ва хоҷагиҳои ёрирасон ҷиҳати танзими нарху наво барои «Тоҷикматлубот» кофӣ набуда, ин ниҳод майдонҳои кишташро мебояд васеъ намояд ва ҳатто майдонҳои кишти 3-4 ноҳия ба ихтиёри ин иттифоқ гузарад беҳтар аст.

Дар ҳамин ҳол Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мегӯяд, феълан барои амалӣ намудани чунин пешниҳод шароит надоранд. Яъне ба қавли ӯ, вақте заминҳои кишоварзии ноҳияҳоро ба ин ниҳод гузаронанд, ин иттифоқ қудрати таъмини музди маоши коргарон ва хариди технологияи муосиро барои истифодаи замин надорад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi