02:38:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ АЗ ТАЪМИРИ КОРХОНАИ КИМИЁВИИ ЁВОН ХУДДОРӢ КАРДАНД

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, вақте тоҷирони хориҷаро бурда корхонаи кимиёвии ноҳияи Ёвонро нишон додам, ҷиҳати ба кор даровардани ин корхона изҳори норозигӣ намуданд.

/images/stories/2012/08/12_sharif-rahimzoda-120812.jpgВазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, тоҷирони хориҷӣ гуфтанд, ки  тарамими ин корхонаро хараҷоташ зиёд буда, агар ба ҷои онро ба кор даровардан  дар як ҷои дигар як корхонаи нав сохта шавад, арзонтар меафтад. Номбурда иброз дошт, ки корхонаи  кимиёвии Ёвон мавзеи калонеро ишғол намудааст ва ҳоло ин корхона пӯсида рехта истодааст.

Аз рӯи  таҳлилҳо ва тасмимҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  корхонаҳои аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, ки мавзеи калонро ишғол кардаанд, аз байн бардошта мешаванд. Бино ба иттилои Шариф Раҳимзода ба ҷои ин қабил корхонаҳо, ки «ояндадор» нестанд, корхонаҳое ташкил меёбад, ки имрӯз ҳамон навъи маҳсулотро бо технологияи нав, дар як ҷои хурд бо миқдори ками коргарон истеҳсол кардан мумкин:

«Ҳоло таҳлил рафта истодааст. Корхонаҳое, ки оянда надоранд, онҳоро мебароранд ва территорияи онҳоро ба дигарон медиҳанд, ки дар ҳамон мавзеъ боз кадом корхонае, ки лозим аст, бунёд шавад. Чунки корхонаҳои пештара беҳад калон буда, масоҳати бузургро ишғол мекунанд».

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi