16:03:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗИЛЗИЛА ДАР ШИМОЛУ ҒАРБИ ЭРОН ҶОНИ 250 ТАНРО ГИРИФТ

Ду заминларза дар Озарбойҷони Шарқӣ, шимолу ғарби Эрон, ҷони 250 нафарро рабуда, беш аз 2 ҳазор танро захмӣ кардааст. Бино ба охирин гузоришҳо, шумори кушташудагони заминларзаи Озарбойҷони Шарқӣ, шимолу ғарби Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба 250 нафар расида, шумори захмиҳо аз 2 ҳазор тан гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, иддае ҳанӯз дар зери овор ё вайронаҳо мондаанд.

/images/stories/2012/08/12_iron-zaminlarza-120812.jpgБаъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, 11-уми август, заминларзае баробар ба 6,4 дараҷаи Рихтер шаҳристони Оҳар ва Варазқон дар вилояти Озарбойҷони Шарқиро такон дод. Фармондори Варазқон аз тахриби комили дувоздаҳ русто ё деҳаи ин шаҳристон ва кушта шудани тақрибан чиҳил дарсади сокинони он рустоҳо хабар додааст. То кунун амалиёти ҷустуҷӯӣ ва имдодрасонӣ ба осебдидагони ин зилзила идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои эронии худ Алӣ Акбар Солеҳӣ зимни таслият ба бозмондагони ин заминларза омодагии кишварашро барои ирсоли ҳама гуна кӯмак ба осебдидадгон эълон кардааст.

Бино ба ин гузориш, масъулони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ бо ибрози таассуф ва эълони ҳамдардӣ бо хонаводаҳои осебдида, омодагии худро барои кӯмак ба зилзидадагон баён доштаанд. Инчунин, вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамдардии Вошингтон ба осебдидагони зилзила дар Эронро изҳор кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi